3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:07, Душанбе
21.11.2024 12:28

Эрон хоҳони сохтмони хати роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Чин шуд

Эрон бо таваҷҷуҳ ба ҳаммарз будани Афғонистон ва Чин мехоҳад, ки роҳи оҳани байни се кишвар: Афғонистон, Чин ва Эрон сохта шавад.

Ҷабборалӣ Зокирӣ, мудири Роҳи оҳани Эрон дар мулоқот бо Исҳоқ Соҳибзода, муовини Вазири фавоиди омма ва раиси хатти Роҳи оҳани Афғонистон (дар ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон) таъкид намуд, ки пайвастани ин се кишвар ба роҳи оҳан метавонад бо кӯтоҳ намудани масири ҳамлу нақл маблағи интиқоли маҳсулотро коҳиш диҳад.

Ӯ вуҷуд доштани хати роҳи оҳан дар шимолу ғарби Афғонистон ва дар наздикии марзи муштарак бо Эронро як фурсати муносиб барои транзит миёни Афғонистону Эрон донист. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳмияти муҳимми хати роҳи роҳан ҳар ду кишвар тарҳро густариш хоҳанд дод.

Намояндаи гурӯҳи террористии Толибон изҳори хурсандӣ намуда, ки дар барномаи ҳамлу нақли кишвараш осониҳо эҷод мешаванд. Ҳамчунин, дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид шудааст, ки барои эҷоди хати роҳи оҳани Заранҷ-Қандаҳор таҳқиқот оғоз шуда ва пайваст шудани он ба хати роҳи оҳани Зобул дар равобити ин ду кишвар фасли ҷадид хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.