Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дипломати эронӣ: “Амрико дар бораи мудохила дар Афғонистон сухан мегӯяд”
Ёрдамчии пешини вазири хориҷаи Эрон дар хусуси нишасти ахири мақомоти амрикоӣ дар бораи сиёсати ояндаи Амрико дар Афғонистон таъкид кард, ки онҳо дубора дар бораи мудохила дар Афғонистон сухан мегӯянд.
Дар рӯзҳои гузашта Муассисаи амнияти ҷаҳонӣ ва миллӣ дар Донишгоҳи Флоридо нишастеро бо ҳузури мақомоти собиқи ҳукумати Афғонистон ва Амрико барои баррасии сиёсати ояндаи ИМА дар Афғонистон доир кард. Собиқ ёрдачии вазири хориҷаи Эрон Расул Мусавӣ дар вокуниш ба ин нишаст чунин ибрози назар намуд: “Амрико 20 сол дар Афғонистон ҷангид ва ҳанӯз ҳам дарс нагирифтааст ва дубора аз мудохила дар ин кишвар суҳбат мекунад - бидуни он ки бидонад чаро?”
Дар нишасти доиршуда дар бораи сиёсати ояндаи ИМА дар Афғонистон Ҳомид Карзай, президенти собиқи Афғонистон бо паёми савтӣ, генерал Франк Макензӣ, раиси Ситоди марказии собиқи Амрико ва Зулмай Халилзод, собиқ Намояндаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Генерал Франкс Макензӣ дар ин нишаст чунин гуфт: “Мо дар Афғонистон иштибоҳи низомӣ кардем. Бояд Усома бин Лоданро дар аввалҳо мекуштем. Амрико намехост бо эълони шикаст аз Афғонистон хориҷ шавад, аммо дар ниҳоят моҳияти ҷанг тағйир кард”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”