Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Толибон дар Момбайи Ҳиндустон сарконсул таъин намуданд
Гурӯҳи террористии Толибон Икромиддин Камилро ба унвони сарконсули консулгарии Афғонистон дар шаҳри Момбайи Ҳиндустон таъин намуд. Аммо ҳанӯз Ҳукумати Ҳиндустон дар ин бора ҳеч вокунише нишон надодааст.
Тибқи иттилои расонаҳо, ин аввалин таъйиноти гурӯҳи Толибон пас аз дидори ҳайати ҳиндӣ бо Муҳаммад Яъқуб, вазири дифои гурӯҳи мазкур аст, ки сурат мегирад.
Хабаргузории “Бохтар”-и Афғонистон навишт, ки “Икромиддин Камил ҳамакнун дар Момбай аст ва вазифаҳои худро ба унвони як дипломат анҷом медиҳад”. Тибқи иттилои ин хабаргузорӣ Икромиддин Камил қаблан ба унвони муовини мудир дар бахши ҳамкориҳои амниятӣ ва корҳои марзии Вазорати хориҷаи ҳукумати сарпарасти Толибон фаъолият мекард. Ӯ дар бахши робитаҳои байналмилалӣ рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Бояд гуфт, ки ин аввалин интихоби як мақоми дипломатӣ аз сӯйи Толибон дар кишвари Ҳиндустон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”