Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ширкати бузурги нафти Малайзия ваъда додааст, ки ба Афғонистон сармоягузорӣ мекунад
Гурӯҳи террористии Толибон эълон кард, ки ширкати малайзиягии “Петронас”, ки яке аз ширкатҳои бузурги нафт ва газ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ваъдаи сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар Афғонистонро додааст.
Як масъули ҳукумати Толибон дар Ҳирот гуфтааст, ки ширкати “Петронас” тааҳҳуди худро барои идомаи ҳамкорӣ бо Афғонистон ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодии ин кишвар, бахусус дар бахши истихроҷи конҳо ва газ иброз кардааст.
Ба гуфтаи ин масъули Толибон ҳамкорӣ бо Петронас, ки дар Малайзия ва даҳҳо кишвари дигар сармоягузориҳои азиме дорад, метавонад ба рушд ва потенсиалсозии бахши маъдани Афғонистон кумаки шоёне кунад ва нақши муассире дар афзоиши фурсатҳои иқтисодӣ барои мардуми Афғонистон дошта бошад.
Қобили зикр аст, ки пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи террористии Толибон дар Афғонистон раванди истихроҷи нафт оғоз шудааст. Қаблан иттилоъ пахш шуда буд, ки гурӯҳи мазкур аз чоҳҳои нафтии ҳавзаи Омӯдарё кори истихроҷи нафтро оғоз кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”