Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон манъ мешавад
Дар кишвари Австралия қонунеро таҳия намуданд, ки тибқи он истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон манъ аст. Дар ин қонун возеҳан ишора шудааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то синни 16 манъ аст. Сарвазири ҳукумати Австралия Энтони Албаниз хабар дод, ки лоиҳаи қонун то охири соли оянда ба парлумон пешниҳод мешавад.
Тибқи гузориши ВАО-и Австралия ҳизби мухолифи ҳукумати феълии ин кишвар – Ҳизби либералҳо ҳам ин пешниҳодро пазируфтааст.
Дар Австралия низоми санҷишие амал мекунад, ки синну соли корбарони шабакаи иҷтимоиро месанҷад.
Сарвазири Австралия зимни муаррифии лоиҳаи қонун таъкид кардааст, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакон ва наврасон зарари ҷиддӣ дорад. Лоиҳаи қонун ҳатто барои наврасоне, ки бо иҷозати падару модар шабакаҳои иҷтимоиро истифода мебаранд, сабукӣ надодааст.
Агар тарҳи қонун қабул шавад, тибқи он шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, Х ва ТикТок барои наврасони то 16 сола дар Австралия манъ мешавад.
Ширкати “Диҷитал-индустри Груп”, ки манфатҳои шабакаҳои иҷтимоии дар боло зикршударо ҳимоят мекунад, аз ин иқдоми ҳукумати Австралия ҳимоят кардааст. Роҳбари он Сунита Боз гуфтааст, ки маҳдудияти эҷодшуда метавонад боиси истифодаи сомонаҳои беназорат аз ҷониби наврасон шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад