Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
ИМА ДАЪВАТ КАРД, БАЪДИ МАРГИ ДАҲҲО СОКИНИ ОСОИШТА ҶАНГ ДАР ҒАЗЗА ХОТИМА ДОДА ШАВАД
Вазорати тандурустии Фаластин иттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар Шимоли Ғазза ҳадди аққал 93 нафар кушта ва тақрибан 40 нафар гум шудаанд. Дар ин бора "Ал Ҷазира" хабар медиҳад.
29-уми октябри соли 2024 ҳамлаҳои ҳавоӣ дар минтақаи аҳолинишини бандари Шуҳрат-Лахия сурат гирифт.
Намояндаи департаменти давлатии ИМА Мэтю Миллер хабар дод, ки Вашингтон аз марги бисёре аз сокинони осоишта дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ хеле нигарон аст.
“Ҳодисаи даҳшатнок бо оқибатҳои фоҷебор рӯй дод. Талафоти фоҷеабори сокинони осоишта водор мекунад, ки ҷанг хотима ёбад” – таъкид кард Миллер.
Дар натиҷаҳои ҳамлаҳои ҳавоии охирини Исроил 12 нафар кудак кушта шудаанд.
ИМА дар ҳоле аз Исроил ва Ҳамос барои хотима додани ҷанг даъват мекунад, ки Пенгтагон кумаки бастаҳои нави низомӣ, аз ҷумла аслиҳа ва мушакҳоро ба Исроил тасдиқ кардааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад