3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:47, Душанбе
26.10.2024 12:58

ИСРОИЛ БА ЭРОН ҲАМЛАҲОИ ШАДИДИ ҲАВОӢ АНҶОМ ДОД

Мақомоти низомии Исроил изҳор доштанд, ки ба иншооти муҳимми низомии Эрон зарбаҳои дақиқ заданд. Онҳо қайд карданд, ки неруҳои ҳавоии Исроил корхонаҳои мушакӣ ва маҷмуаҳои мушакии замин-ҳавои Эронро маврид ҳамла қарор доданд. Неруҳои дифои зидиҳавоии Эрон изҳор карданд, ки ҳамлаҳо бомуваффақият саркӯб карда шуданд, аммо ба баъзе мавқеъҳо “зарари маҳдуд” расонида шуд.

Хабаргузории эронии "Тасним" бо истинод ба манбаъҳояш хабар дод, ки Эрон омодааст ба таҷовузи Исроил посух диҳад. ИМА ба Эрон хост “ҳамлаҳои худро ба Исроил қатъ кунад” ва доираи шадиди амалиёти ҷангиро густариш надиҳад.

Тақрибан соати 2-и шаб ба вақти Маскав Исроил хабар дод, ки дар посух ба он чизе, ки “ҳамлаҳои шадиди режими Эрон ба Исроил” номиданд, ба ҳадафҳои низомӣ дар Эрон зарбаҳои дақиқ анҷом дод.

Амалиёти ҷавобии низомиёни исроилӣ ба Эрон баъди он сурат гирифт, ки Теҳрон рӯзи 1-уми октябр ба Исроил ҳамлаҳои мушакии дақиқ анҷом дод. Тақрибан 200 мушаки балластикӣ ба сӯйи Исроил партоб кард. Ин дар посух ба куштори Ҳасан Насрулло, раҳбари гурӯҳи шиаи Лубнон - Ҳизбуллоҳ, ки аз сӯйи Эрон пуштибонӣ мешавад, анҷом дода шуд. Ҳасан Насруллоҳ, роҳбари Ҳизбуллоҳ дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил ба ситоди марказии Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Бейрут кушта шуд.

Миқёси ҳамлаи ҷавобии Исроил то ба охир рӯшан аст, аммо ширкати пахши ҷамъиятии Исроил изҳор дошт, ки даҳҳо ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба иншооти низомии Эрон зарба мезананд, гуфтааст хабаргузории Reuters.

Хабаргузории Форс тасдиқ кард, ки чанд пойгоҳи низомӣ дар ғарб ва ҷанубу ғарби Теҳрон мавриди бомбаборони Исроил қарор гирифтанд.

Аз рӯйи маълумоти шабакаи 12-уми телевизиони Исроил ҳадафи асосии зарбаҳои Исроил объекти марказии низомии саноати дифоии Эрон, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли мушакҳо, корхонаҳои таҳия ва истеҳсоли бесарнишинҳо, инчунин, пойгоҳи партоби мушаки балластикӣ будааст.

Телевизиони давлатии Эрон дар бораи “таркиши шадид” дар атрофи Теҳрон хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, намояндагони истихбороти Эрон изҳор карданд, ки садоҳои таркиши баланд метавонанд ба “фаъолшавии системаи дифои зиддиҳавоии Эрон вобаста бошанд”.

Бахши форсии Би-Би-Сӣ бо такя ба шоҳидон дар Теҳрон хабар медиҳад, ки соати 2:13 ба вақти маҳаллӣ аз 7 то 15 таркиш дар атрофи пойтахти Эрон, дар ҷануби минтақаи фурудгоҳи байналмилалии Хоманаӣ ва дар минтақаи шаҳри Караҷ, дар 40 км ғарби Теҳрон рух додааст.

Хабаргузории AFP бо такя ба телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки ду фурудгоҳи Теҳрон дар "режими муқаррарӣ" фаъолият доранд. Аммо чанд соат пас аз ин, намояндаи Созмони авиатсияи граждании Эрон ба оҷонсии эронии "ИРНА" хабар дод, ки парвозҳо дар тамоми хатсайрҳо то огоҳии минбаъда бекор карда шуданд.

Хадамоти форсии Би-Би-Сӣ қайд кард, ки ВАО-и давлатии Эрон ҳоло рад мекунанд, ки ҳамлаҳои Исроил зарари воқеӣ нарасонидааст ва он бенатиҷа будааст. Вале ин посухи қолабии Эрон дар вақти ҳамлаҳо аст.

“Ин метавонад барои онҳо як роҳи наҷот додани чеҳра барои хотима додан ба ин система бошад” – қайд мекунад хадамоти форсии Бӣ Бӣ Сӣ. Аммо ин стратегия метавонад ноком шавад, агар далелҳое пайдо шаванд, ки миқёси зарарро нишон диҳанд ё қурбониёни он бошанд.

Корманди калони илмиии Бунёди ҳимояи демократия Бехнам Бен Талеблу дар суҳбат бо Би-Би-Сӣ қайд кард, ки кадрҳои дар ВАО-и наздики мақомоти Эрон пахшшуда, бо он чизе, ки дар шабакаҳои иҷтимоии кишвар дида мешавад, ба таври шадид муқоиса мекунанд.

Ба гуфтаи Талеблу, ки ба масъалаҳои сиёсат ва амнияти Эрон машғул аст, то ҳол маълум нест, ки ҳадафи Исроил нобуд кардани тамоми шабакаи кайҳонии корпуси посдорони инқилоби исломӣ аст ё не. “Аз рӯйи ҳадафҳое, ки мо дар айни замон мебинем, ин ҳадафи безарар кардан- аммо нобуд накардан – таҳдиди мушакҳои дурдасти эрониро доранд” – гуфт ба Би-Би-Сӣ.

Баъди соати 4-и субҳ аз рӯи вақти Маскав мавҷи дуюми зарбаҳо оғоз ёфт. Хабаргузории Reuters бо такя ба ВАО-и маҳаллӣ хабар дод, ки дар шарқи Теҳрон боз чор таркиш рух додааст ва афзуд, ки “дифои зидди ҳавоӣ ҳанӯз дар пойтахт фаъол аст”.

Тақрибан соати 6-и субҳ, ба вақти Маскав, ширкати телевизиони ҷамъиятии Исроил изҳор дошт, ки амалиёти Исроил алайҳи Эрон бо се мавҷи зарба хотима ёфт. Ин иттилоъро нашрияи "AКСИОН" низ тасдиқ кард ва илова кард, ки мавҷҳои дуюм ва сеюм ба пойгоҳҳо ва майдончаҳои истеҳсолии мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин равона карда шудаанд.

Дере нагузашт, анҷоми амалиёт алайҳи Эрон расман аз ҷониби Исроил тасдиқ шуд. Дар изҳороти низомиёни исроилӣ дар бораи чанд мавҷи зарбаҳо чизе гуфта нашудааст, танҳо дар бораи он ки зарбаҳо ба корхонаҳои мушакӣ, маҷмуаҳои мушакии синфи “замин-ҳаво” ва дигар воситаҳои ҳавоии Эрон, ки барои маҳдуд кардани озодии амали Исроил дар Эрон аз ҳаво пешбинӣ шуда буданд, расонида шуд.

Пас аз чанд соат неруҳои дифои зиддиҳавоии Эрон изҳор дошт, ки пойгоҳҳои Теҳрон ва минтақаҳои Хузистон ва Элом мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳо бомуваффақият саркӯб карда шуданд, вале ба баъзе мавқеъҳо “зарари маҳдуд” расонида шуд.

Эрон омодааст ба ҳама гуна “таҷовуз”-и Исроил посух диҳад ва ҳич шакке нест, ки Исроил бо вокуниши мутаносиб ба ҳама гуна амалҳои худ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар ин хусус, хабаргузории нимарасмии Эрон "Тасмин" бо истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад.
Баъди ин, сухангӯи артиши Исроил, адмирал Даниэл Хагари изҳор дошт, ки “агар режими Эрон хато кунад ва давраи нави танишҳо шиддат гирад, Исроил бояд посух диҳад”.

Як манбаъ гуфт, ки ҳамлаи шабона ба Теҳрон бояд дар мубодилаи ҳамлаҳо миёни Исроил ва Эрон ба анҷом расад. Як мансабдори баландпояи Кохи Сафед ба "Reuters" чунин гуфт.

Хабаргузории "Reuters" бо истинод ба телевизиони давлатии Сурия хабар доданд, ки имрӯз дар аввали шаб таркишҳо дар наздикии Димишқ низ шунида шуданд. Reuters бо истинод ба оҷонсии давлатии Сурия “Сана” тавзеҳ медиҳад, ки зарбаҳо ба иншооти низомӣ дар марказ ва Ҷануби Сурия расонида шудаанд. Дар ҳамин ҳол, телевизиони Сурия мегӯяд, ки нерӯҳои мудофиаи ҳавоии Сурия мушакҳои исроилиро сарнагун карданд.

Ҳамлаи пешакии Исроил ба ҳадафҳои радиолокатсионӣ дар Сурия барои "кӯр кардан"-и имкониятҳои Эрон (эҳтимол сухан дар бораи системаҳои дифои ҳавоӣ меравад) равона карда шуда буд, ки пас аз он ҳамлаҳо ба Теҳрон ва Каредҷ ба амал омаданд, навиштааст "Jerusalem Post".


Манбаъ: "Хадамоти ҳавоии Русия"

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.