Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Роҳи транзитии Қазоқистон Афғонистонро ба Чин мепайвандад
Мақомоти Қазоқистон бо гурӯҳи террористии Толибон ба баррасии масъалаи логистикии ҳамлу нақл байни Чину Афғонистон аз тариқи роҳи Қазоқистон пардохтанд.
Дар мулоқоти мақомоти расмии Қазоқистон бо гурӯҳи Толибон масъалаи истифодаи роҳи Қазоқистон барои роҳёбии Афғонистон ба Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Серик Жумангарин, муовини сарвазири Қазоқистон ва Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати Ҳукумати сарпарасти Толибон рӯзи гузашта дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон нишасте баргузор карданд ва дар бораи ҳамлу нақли маҳсулоти тиҷоратӣ аз Чин ба Афғонистон ва баръакс аз тариқи Қазоқистон ба Чинро гуфтугӯ намуданд.
Дар форуми иқтисодие, ки дар Алмаато байни мақомти Афғонистону Қазоқистон доир гашт, муовини сарвазир Серик Жумангарин чунин таъкид кард: “Мавзӯи дигари муҳимми ҳамкориҳои мо татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Афғонистон оид ба омӯзиши геологӣ, истихроҷ ва коркарди конҳои маъдан мебошад”.
Қосим Жомарт-Токаев моҳи январи имсол гуфта буд, ки ҳукумати Қазоқистон гурӯҳи Толибонро аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ берун кард, то равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Афғонистонро густариш диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Дидори вазири корҳои хориҷӣ бо Одил Дониш
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”