Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мухолифати беш аз 49 фоизи мардуми Молдава барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо
Дар Ҷумҳурии Молдава интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он дар баробари интихоби президенти нав масъалаи пайватан ба Иттиҳоди Аврупо ба овоздиҳӣ гузошта шуд. Натиҷаҳои интихобот эълон шуд ва ҳич яке аз номзадҳо натавонистанд овози кофӣ ба даст биёваранд.
Ду номзади интихобот, ки бештарин раъйро ба даст оварданд, дар даври дувум бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Майя Санду, раисиҷумҳури феълӣ 42 фоиз ва Александр Стояногло 26 фоиз овоз ба даст оварданд.
Даври дувуми интихобот ду ҳафта баъд баргузор мешавад.
Президенти ҳозираи Молдава Майя Санду, ки тарафдори наздикӣ бо Ғарб аст, барномаи пайватан ба Иттиҳоди Аврупоро пуштибонӣ мекунад.
Александр Стояногло, ки тарафдори Русия аст, рақибашро ба он айбдор кард, ки масъалаи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупоро набояд дар як вақт бо интихоботи президентӣ ба овоздиҳӣ мегузошт. Ӯ таъкид кардааст, ки Санду аз ин масъала барои таблиғоти интихоботӣ ва ба даст овардани овози бештар истифода мекунад.
Тибқи эълони натиҷаи интихобот 50,46 фоиз ба тарафдории пайватан ба Иттиҳоди Аврупо ва 49,54 фоиз зидди пайвастан ба иттиҳоди номбурда овоз додаанд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад