Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Фаъолияти “ТВ миллӣ” -и Афғонистон бо амри Толибон қатъ мешавад
Бо дастури раҳбари гурӯҳи террористии Толибон фаъолияти телевизиони миллӣ дар ин кишвар қатъ хоҳад шуд. Дар бораи тасмими Толибон раиси телевизиони миллӣ Юсуф Аҳмадӣ дар мулоқот бо муҳаррирони он телевизион хабар додааст.
Ӯ гуфтааст, ки раҳбари Толибон дастур дод ва дар оянда телевизиони миллӣ шакли фаъолияташро ба радио тағйир дода, бо номи “Радиои шариат” кор хоҳад кард.
Як корманди телевизиони миллӣ ба нақл аз Юсуф Аҳмадӣ гуфтааст, ки фишорҳои зиёде аз сӯйи раҳбари Толибон барои қатъи фаъолияти расонаҳои тасвирӣ вуҷуд дорад.
Ҳамчунин, Юсуф Аҳмадӣ гуфтааст, ки қатъи фаъолияти телевизиони миллӣ муқаддимаи манъ шудани фаъолияти телевизионҳо дар Афғонистон хоҳад буд.
Толибон дар қонуни нави амр ба маъруфи худ пахши тасвирии мавҷудоти зиндаро манъ карда буданд. Ҳамчунин, пахши барномаҳои телевизиони миллӣ дар Қандаҳор ва Тахор низ ҳафтаи гузашта манъ шуд.
Сухангӯйи Толибон қаблан гуфта буд, ки қонуни амр ба маъруф дар оянда нисбат ба ҳама расонаҳо татбиқ хоҳад шуд. Раҳбари Толибон дастур дода буд, ки телевизионҳо пахши барномаҳои тасвирии худро қатъ карда, ба фаъолияти радиоӣ гузаранд.
Гурӯҳи Толибон баъди сари қудрат омадан қонунҳои сахтгиронаро дар Афғонистон ҷорӣ кардаанд, ки он боиси вокуниши шадиди ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ гардид.
Телевизиони миллии Афғонистон давлатӣ мебошад. Ин телевизион беш аз ним аср аст, ки фаъолият дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад