Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Яҳё Синвор - тарроҳи ҳамлаи 7-уми октябр ба Исроил кушта шуд
Яҳё Синвор, раҳбари ҳаракати фаластинии Ҳамос (дар Амрико, Исроил ва бархе кишварҳо ҳамчун ҳаракати террористӣ шинохта шудааст) ва тарроҳи амалиёти 7-уми октябр ба Исроил дар натиҷаи даргирӣ бо артиши Исрил кушта шуд.
Мақомоти низомии Исрои тасдиқ карданд, ки Яҳё Синвор дар натиҷаи даргирӣ бо лашкари 17-и Артиши Исроил дар минтақаи Рафаҳи Ғазза кушта шудааст.
Радиои Исроил эълон кард, ки ба иллати номаълум будани ҷасадҳо рӯйи он озмоиши ДНК анҷом шуда ва натиҷаи озмоиш мусбат арзёбӣ гардидааст. Ин радио гуфтааст, ки даргирӣ бо Яҳё Синвор дар минтақаи Тал-ал-Султон дар Рафаҳи Ғазза рӯх дода ва Яҳё Синвор дар тан зиреҳпӯши низомӣ ҳамроҳ бо як фармондеҳи дигари Ҳамос қарор доштааст.
Яҳё Синвор яке аз ҷангҷӯён ва таҳиякунандаи амалиёти 7-уми октябр буд, ки пас аз кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон масъулияти раҳбарии гурӯҳи Ҳамосро бар дӯш гирифт.
Яҳё Синвор дар рӯзҳои ахир иртиботаш бо мақомоти хориҷии Ҳамосро қатъ карда буд. Ба далели қатъи иртиботи ӯ бо мақомоти хориҷнишини Ҳамос музокироти оташбас ва озод кардани гаравгонони исроилӣ низ қатъ карда шуд.
Як мақоми Ҳамос ба телевизиони “Ал-арабия” гуфтааст, ки раҳбарони Ҳамос як рӯз қабл хабар доштанд, ки Яҳё Синвор ҳамроҳ бо ду мақоми аршади ин гурӯҳ кушта шудааст.
Расонаҳои исроилӣ аксеро нашр кардаанд, ки нишон медиҳад, ҷасади марде шабеҳи Яҳё Синвор дар зери харобаҳои бинои вайроншуда қарор дорад.
Мақомоти низомии Амрико низ марги Яҳё Синворро тасдиқ кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад