Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Исроил ба маркази ҳастаӣ ва нафтии Эрон ҳамла нахоҳад кард
Рӯзномаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки Исроил гуфтааст, дар посух ба ҳамлаи мушакии Эрон, ки ду ҳафта қабл анҷом шуд, ба “марказҳои ҳастаӣ ва полоишгоҳҳои нафтӣ ҳамла нахоҳад кард”.
Ба гузориши расонаҳо Бинёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил дар суҳбат бо президенти Амрико ин нуктаро таъкид кардааст. Эълони ин хабар ва ақибнишинии Исроил ба ҳамлаи фарогир алайҳи Эрон ба истиқболи Ҷо Байден, президенти Амрико рӯ ба рӯ шудааст.
Датфари Бинёмин Натанёҳу дар эъломияе гуфтааст, ки посух ба ҳамлаи мушакии Эрон “бар асоси ниёзҳои Исроил” анҷом хоҳад шуд. Дафтари нахуствазири Исроил гуфтааст: “Мо мавқеъ ва афкори давлати Амрикоро мешунавем, аммо тасмимоти ниҳоиро бар асоси ниёзҳои амнияти миллии Исроил хоҳем гирифт”.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта Эрон дар посух ба террорҳои раҳбарони аввали Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос ҳамлаи мушакӣ ба Исроил анҷом дод. Беш аз даҳ рӯз мегузарад ва ҳоло Исроил барои посух ба ин ҳамла омодагӣ мегирад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад