Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
СОМОНАИ ДИФОИ «ТАД»-И АМРИКО БА НАҶОТИ ИСРОИЛ ВА АРАБИСТОН МЕОЯД
Президенти Амрико Ҷо Байден иттилоъ дод, ки дар бораи интиқоли сомонаи ТАД –и амрико ба Исроил ба мувофиқа расиданд ва қарор аст, барои роҳандозии он гурӯҳе аз сарбозони амрикоӣ вориди Исроил шаванд.
Тавофуқи интиқоли сомонаи “ТАД” ба Исроил баъди музокироти тӯлонии Бенёмин Натанёҳу, сарвазири Исроил бо президенти Амрико дар пайи таҳдидҳои Эрон сурат гирифт. Исроил аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳояш эълон карда буд, ки ҳамлаҳои густурда ба марказҳои низомӣ ва зерсохтҳои нафтии Эрон анҷом хоҳад дод.
Амрико барои ҷилавгирӣ аз густариши ҷанг бо ҳамлаи Исроил мувофиқ набуд. Зоҳиран пас аз суҳбатҳои чандсоатаи Ҷо Байден ва Бенёмин Натанёҳу Амрико ба ҳамлаи начандон васеъмиқёс чароғи сабз нишон додааст.
Эрон дар пайи эълони ҳамлаи Исрол ба кишварҳои Халиҷи Форс таҳдид карда буд, ки дар сурати убури ҳавопаймоҳои Исроил аз фазои ин кишварҳо онҳоро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. Дар тозатарин гузориши расонаҳо иттилоъ дода мешавад, ки Арабистони Саудӣ барои эмин мондан аз таҳдидҳои Эрон аз Амрико хостори сомонаи дифоии “ТАД” шудааст. Хабарҳо нишон медиҳанд, ки Амрико як сомонаи “ТАД”-ро дар Арабистони Саудӣ низ мустақар хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад