Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Телеграф: “Панҷшер ба пойгоҳи низомии “Алқоида” табдил шудааст”
Рӯзномаи “Телеграф” дар гузорише аз қавли нерӯҳои мухолифи гурӯҳи террористии Толибон навиштааст, ки “Алқоида” дар Панҷшер пойгоҳҳои омӯзишӣ барпо карда ва ин минтақа ба макони амн барои фаъолиятҳои террористии гурӯҳи мазкур табдил шудааст. Тибқи ин гузориш гурӯҳи террористии “Алқоида” барои нерӯҳояш дар ин минтақа нуҳ пойгоҳи омӯзишӣ таъсис додааст.
Тибқи гузориши рӯзномаи “Телеграф” гурӯҳи террористии “Алқоида” дар авҷи фаъолияти худ қарор дорад ва Толибон боиси тақвияти нерӯи низомии он шудаанд: “Унсурҳои қудратманде дар даруни Толибон ҳимоят ва ҳифозати худро аз шабакаи “Алқоида” анҷом медиҳанд”.
Рӯзнома менависад, ки Айман Ал-Завоҳирӣ раҳбари ин гурӯҳи террористӣ соли 2022 дар хонаи яке аз раҳбарони шабакаи террористии “Ҳаққонӣ” аз сӯйи Амрико кушта шуд, ки нишони возеҳи иртиботи Толибон бо гурӯҳи мазкур аст.
Рӯзномаи “Телеграф” ҳамчунин, менависад, ки ҷангҷӯёни ДОИШ низ аз Панҷшер то Ховари Миёна ва Африқо дар садади бозсозӣ ва таҷҳизонидани нерӯҳои худ ҳастанд. Муаллифи гузориши мазкур менависад, ки Толибон қодир ба идораи марзҳои худ нестанд ва тавони ҷилавгирӣ аз пайвастан ва ҷазби гурӯҳҳои террористӣ ба мисли ДОИШ-ро надоранд.
Ҳодисаи террористии Крокуси Русия ва ҳамла ба Шоҳчароғи Эрон аз мисолҳоеанд, ки рӯзнома ба фаъолиятҳои шохаи хуросонии ДОИШ дар Афғонистон марбут донистааст.
Рӯзнома аз қавли мудири Созмони иттилооти Британия “М-5” навиштааст: “ДОИШ имрӯз он нерӯе нест, ки як даҳа қабл буда, аммо пас аз чанд сол, ки ба шиддат ақиб ронда шуда буд, талошҳои худро барои содир кардани терроризм аз сар гирифтааст”.
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад