Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Ҳамлаи Эрон ба исроилиҳо аз 40 то 53 миллион доллар хисорат овардааст
Хабаргузории «Блумберг» навиштааст, ки аз рӯйи ҳисоби ҳукумати ин кишвар ҳамлаи охири ракетии Эрон аз 40 то 53 миллион доллар ба амволи хусусии шаҳрвандони исроилӣ хисорат ворид кардааст.
Ин хабаргузорӣ навиштааст, ин шадидтарин хисоротест, ки аз як ҳамла ба Исроил аз замони ҷанги 7-уми октябр то имрӯз ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Эрон 200 мушаки бластикӣ ва ҳайперсоник ба Исроил партоб кард. Мақомоти Эрон дар посух ба кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари Ҳаммос ва Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон ин ҳамларо анҷом додааст.
Аз замони ҳамла то кунун 2500 исроилӣ дархости ҷуброни хисорат кардаанд. Бештари дархостҳои ҷуброни хисорат барои хона, мошин ва корхонаҳои харобшуда аст. Яке аз минтақаҳое, ки мушаки эронӣ ба он расидааст, маркази тиҷоратӣ дар шимоли шаҳри Телавив мебошад.
Блумберг менависад, ҳанӯз мушаххас нест, ки ҳаҷми хисороти воридшуда чӣ қадараш дар натиҷаи ба ҳадаф расидани мушак рух дода ва чӣ қадари дигари он бар асари тикаҳои мушакҳои системаҳои зиддиҳавоӣ будааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад