Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Мадраса ва хонақоҳи падари Мавлоно дар Балх бозсозӣ мешавад
Масъулини Вазорати иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи террористии Толибон хабар додаанд, ки Туркия омодааст, мадраса ва хонақоҳи Баҳоуддин – падари Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро бозсозӣ кунад.
Фозил Окин Эрдуғон, масъули Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар мулоқот бо намояндаи Толибон гуфтааст, ки кишвари Туркия омода аст, дар заминаи бозсозии ёдгориҳои таърихии Афғонистон, аз ҷумла мадраса ва хонақоҳи Баҳоуддин - падари Мавлоно ҳамкорӣ кунад. Ӯ ваъда додааст, ки ТИКА дар оянда барои бозсозии ёдгориҳои таърихӣ, муҷаҳҳаз кардани китобхона ва архиви миллии Афғонистон бо таҷҳизоти лозима кумак хоҳад кард.
Қаблан низ Туркия эълон карда буд, ки мадраса ва хонақоҳи падари Мавлоноро бозсозӣ мекунад, ки бо рӯйи кор омадани ҳукумати Толибон ҳич коре сурат нагирифт.
Ёдовар мешавем, ки мадраса ва хонақоҳи падари Мавлоно Ҷалолуддин Балхӣ дар шаҳри Мазори Шариф мавқеият дорад. Имрӯзҳо мадраса ва хонақоҳи падари Мавлоно дар ҳолати нобудшавӣ қарор дорад, зеро ягон бор бозсозӣ нашудааст.
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад