Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Чин аз омодагии бештар барои ҳамкорӣ бо Толибон хабар дод
Сафири Чин дар Кобул эълон кард, ки кишвараш барои ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо ҳукумати сарпарасти Толибон* (ҳаракати террористӣ) омода аст.
Ҷио Шинг, сафири Чин дар Кобул Афғонистонро ҳамсояи худ ва қобили эътимод дониста, таъкид кард, ки пешрафтҳои назаррасе дар равобити ду кишвар эҷод шудааст. Ӯ бо баёни ин ки Чин ҳамсоя ва дӯсти Афғонистон аст, чунин гуфта: “Мо дастовардҳо ва пешрафтҳои хубе дар бахши сиёсӣ бо Афғонистон доштем”.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон низ равобити иқтисодӣ миёни Пекин ва Кобулро хуб тавсиф карда, таъкид намуд, ки ин гурӯҳ омодаи густариши ҳамкориҳои бештар мебошад.
Чин аз нахустин кишварҳоест, ки сафири Толибонро дар Пекин пазируфт ва сафири худро дар Кобул таъйин намуд. Тибқи иттилои расонаҳо Чин тарҳҳои муштараки иқтисодиро дар Афғонистон бо ҳамкории Толибон амалӣ мекунад.
Чин асосан дар заминаи нафт ва конҳои фоиданок дар Афғонистон сармоягузорӣ мекунад. Қаблан бархе расонаҳо аз ҳамкориҳои низомии Чин бо гурӯҳи Толибон низ хабар дода буданд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Конор Макгрегор: “Охирин муҳорибаамро ба таври шоиста мегузаронам”
Беларусия дар ҳукумати террористии Толибон сафир таъин кард
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар оянда дар Тоҷикистон 900 миллион сармоягузорӣ мекунад