3 Ноябр 2026,
сешанбе, 12:47, Душанбе
09.10.2024 13:42

Сардори сипоҳи қудси Эрон нопадид шудааст. Исмоил Қоонӣ дар куҷост?

Исмоил Қоонӣ, сардори неруҳои Сипоҳи қудрси Эрон пас аз ҳамлаи Исроил ба қароргоҳи Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон нопадид шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки Исроил бо бомбаҳои сангаршикан қароргоҳи зеризаминии Ҳизбуллоҳро ҳадаф қарор дода. Дар аснои ҳамлаи Исроил генерали эронӣ Исмоил Қоонӣ бо Ҳошим Сайфиддин, ҷонишини Ҳасан Насруллоҳ ҷаласаи корӣ доштаанд.

Артиши Исроил пас аз анҷоми ҳамла гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд Ҳошим Сайфиддин ва як қатор раҳбарони раддаи аввали Ҳизбуллоҳ дар ин ҳамла кушта шудаанд. Мақомоти низомии Исроил ва Амрико ҳанӯз ба таври дақиқ кушта шудани Ҳошим Сайфиддинро тасдиқ накардаанд. Манбаъҳо аз дохили Ҳизбуллоҳ гуфтаанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба қароргоҳи зеризаминии Ҳизбуллоҳ иртибот бо Ҳошим Сайфиддин қатъ шудааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хориҷӣ роҷеъ ба нопадид шудани Исмоил Қоонӣ баҳсҳои доғе ҷараён доранд. Расонаҳои ғарбӣ аз қавли манбаъҳои худ дар Сипоҳи посдорони Эрон гуфтаанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба қароргоҳи Ҳизбуллоҳ иртибот бо Исмоил Қоонӣ қатъ гардида, ба эҳтимоли зиёд Исмоил Қоонӣ ё захмӣ ва ё кушта шудааст.

Исмоил Қоонӣ пас аз терори Қосим Сулаймонӣ аз ҷониби Амрико ба фармондеҳии умумии Сипоҳи қудси Эрон мансуб шуд. Генерали эронӣ 67 сола буда, дар давраи сардории Қосим Сулаймонӣ масъулияти ҷонишинии Сипоҳи қудси Эронро бар уҳда дошт.

Пас аз кушта шудани раҳбари Ҳизбуллоҳ - Ҳасан Насруллоҳ генерали эронӣ Исмоил Қоонӣ барои кумаки ин гурӯҳ ба Лубнон сафар кардааст.

Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Исмоил Қоонӣ ҳафтаи гузашта вориди Лубнон шуда.

Дар намози ҷумъаи ҳафтаи гузашта, ки бо имоматии Сайид Алӣ Хоманаӣ, дар саҳнаи кушод баргузор шуд, Исомил Қоонӣ ҳузур надошт. Раҳбарони аввали низоми Эрон ҳамеша дар маҷлисҳои расмӣ дар канори Сайид Алӣ Хоманаӣ - раҳбари Эрон ҳузур меёбанд. Ғайбати ӯ дар намозе, ки бо ҳузури раҳбари аввали Эрон баргузор шуд, гумонзаниҳо дар мавриди захмӣ ва ё кушта шуданаш дар Лубнонро бештар мекунад.

Дар ин бора “The New York Times” аз қавли се манбаи эронӣ навиштааст, Исмоил Қоонӣ дар қароргоҳе, ки дар замони ҳузури Ҳошим Сайфиддин мавриди ҳамлаи Исроил қарор гирифт, ҳузур доштааст.

Сарчашмаҳои расмии Эрон, аз ҷумла сомонаҳои марбут ба Шурои амнияти миллии Эрон бо баёнияи на он қадар рӯшан хабари кушта шудани Исмоил Қоониро рад кардаанд.

Бояд гуфт, ду рӯз қабл номае аз Исмоил Қоонӣ дар маҷлисе, ки ба ифтихори кӯдакон баргузор шуда буд, қироат гардид. Қироати нома дар ғайби Исмоили  Қоонӣ гумонзаниҳоро дар мавриди нопадид ё кушта шуданаш бештар кардааст.

Ҷанги Ҳизбуллоҳу Исроил пас аз ҳамлаи 7-уми октябри гурӯҳи Ҳамос ба хоки Исроил оғоз шуд. Дар аввал ҷанги  Ҳизбуллоҳ ва Исроил ба мушакпарронӣ ҷараён дошт. Ҳоло тӯли беш аз ду ҳафта Исроил бо ҳадаф қарор додани марказҳои низомӣ ва раҳбарони раддаи аввали Ҳизбуллоҳ ҷангро густариш додааст. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил бо бомборониҳои шадид харобиҳои зиёдеро дар Лубнон ба бор оварда, боиси талафоти ғайнизомиён шудааст.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

02.11.2026 14:36

Рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои дидани имкониятҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд

Як гурӯҳ рӯзноманигорон ва блогерони Беларус барои шиносоӣ бо имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва муаррифии он ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Ҳадафи ин сафар муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллии кишвар дар расонаҳои Беларус аст.
02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
02.11.2026 13:10

Пешвои миллат дар ноҳияи Шаҳристон бинои литсейи Идрокро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 2-юми ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.
02.11.2026 11:24

Корхонаи коркарди меваю сабзавот, нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мева мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сирдарёро ба истифода доданд.
02.11.2026 10:43

Сарвари давлат бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд

1-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуданд.
02.11.2026 10:25

Даври чоруми бақайдгирии довталабон оғоз шуд. Киҳо метавонанд донишҷӯ бишаванд?

Имрӯз, 2-юми ноябр даври чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз гардид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.