3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:11, Душанбе
09.03.2024 12:25

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар конфронси байналмилалии тандурустӣ дар Эрон иштирок кард

Дар Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон нахустин конфронси байналмилалии "Фарогирии тандурустии умумӣ бо барномаи саломатии оила ва системаи маълумотномаи электронӣ" баргузор гардид, Ки Дар он Вазири тандурустӣ Ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода иштирок намуд. ДАР ИН бора НИАТ "Ховар" бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мақсади баргузории конфронс шиносоии давлатҳо бо барномаи саломатии оила ва системаи маълумотномаи электронӣ (Family Health Program: FHP), табодули таҷрибаи давлатҳо бо ҳамдигар, истифодаи назари техникӣ ва касбии мутахассисони пешбари ин соҳа номида шудааст.

Дар конфронс панҷ масъала муҳокима карда шуд: саломатии оила ва омезиши таълими тиббӣ ва системаи тандурустӣ; саломатии оила ва таҳкими шабакаи гигиенӣ ва саломатӣ; саломатии оила ва таблиғи системаи тандурустӣ; саломатии оила ва омилҳои иҷтимоӣ, ки ба саломатӣ таъсир мерасонанд; саломатии оила ва тандурустии электронӣ.

Дар доираи иштирок Дар конфронси сатҳи баланд Вазири тандурустӣ Ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода Бо Вазири тандурустӣ ва омодагии тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣро мулоқот кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи ҳамкории ду давлати дӯсту бародар дар соҳаи тандурустӣ сӯҳбати созанда доир намуда, доир ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла табибони тоҷик дар ин кишвар дар самти ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, коркарди растаниҳои шифобахши ватанӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Бояд қайд кард, Ки Дар доираи сафари корӣ Ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири тандурустӣ Ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо якчанд муассисаҳои таълимию тиббии Эрон шинос шуда, бо роҳбарияти онҳо барои ҳамкорӣ байни муассисаҳои соҳавии ду давлат суҳбат намуд.

Манбаъ: НИАТ Ховар

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.