3 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:11, Душанбе
04.04.2024 19:59

Байни Тоҷикистон ва Туркманистон ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ва Пешвои Миллии мардуми туркманистон, Раиси Халк Маслаҳати Туркманистон Муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо имзо карданд:

- Барномаи ҳамкорӣ Байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон барои солҳои 2024-2025,

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ Байни Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хадамоти дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон,

- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ва Ҳокими Шаҳри Арқадаги Туркманистон дар бораи барқарор намудани муносибатҳои шаҳрҳои бародар,

Созишномаи ҳамкорӣ Байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати сохтмон Ва меъмории Туркманистон,

Меморандум байни Институти геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти сейсмология ва физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Туркманистон.

Манбаъ: НИАТ Ховар 

Хатти хабарҳо

02.11.2026 13:26

Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад

Миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваширкати «Нанҷинг Коммуникейшн Инҷиниринг Компани Лимитед» оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» қарордод ба имзо расид.
31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.