Ҳиндустон ва Русия дар бораи Афғонистон ва Покистон машварат карданд
Амрико мехоҳад таҳримҳо бар зидди киштиҳои нафткаши Русия ва Эронро коҳиш диҳад
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Ҳиндустон ва Русия дар бораи Афғонистон ва Покистон машварат карданд
Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон аз баргузор шудани даври ҳафтуми машваратҳои вижаи Ҳиндустон ва Русия оид ба Афғонистон ва Покистон дар Деҳлии Нав хабар додааст.
Ин вазорат рӯзи чоршанбе, 14-уми октябр дар хабарномае навиштааст, ки дар ин нишаст масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштараки ду кишвар ва таъсири онҳо ба амнияти байналмилалӣ баррасӣ шудаанд.
Бар асоси хабарнома, ду ҷониб ҳамчунин, ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби “Шарикии стратегии вижа ва имтиёзноки Ҳиндустон ва Русия” таъкид кардаанд.
Раёсати муштараки ин нишастро Паван Капур, муовини мушовири Амнияти миллии Ҳиндустон, ва Александр Венедиктов, муовини дабири Шурои амнияти Русия, бар уҳда доштаанд.
Ҳамчунин, Венедиктов дар ҷараёни сафараш ба Ҳиндустон бо Аҷит Довал, мушовири амнияти миллии ин кишвар, мулоқот кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид