Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад
Дар Чин як мақоми давлатиро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба қатл маҳкум карданд
Трамп Эронро ба ҳамлаҳои низомии ҷадид пас аз якуми январ таҳдид кард
Сепанто: Сиёсати Олмон дар баробари Толибон намунаи ошкори меъёрҳои дугона аст
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки “бачабозӣ” ё истифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон дар миёни аъзо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон идома дорад.
Ин гузориш рӯзи ҷумъа, 5-уми октябр, аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико нашр шуда, қочоқи инсонро дар кишварҳо ва сатҳҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор додааст.
Бар асоси гузориш, ҷалб ва ба кор гирифтани кӯдакон ба ҳайси сарбоз, инчунин, сӯиистифодаи ҷинсӣ бо унвони “бачабозӣ” дар миёни аъзо ва ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон идома дорад.
Дар ин гузориш омадааст, ки ҳарчанд “бачабозӣ” расман манъ аст, ин амал ҳамоно идома дорад ва нозирон гузориш додаанд, ки аъзои Толибон дар баъзе мавридҳо ба бачабозӣ даст задаанд.
Дар бахше аз гузориш гуфта шудааст: “Толибон сарбозони кӯдакро дар нақшҳои ҷангӣ ва пуштибонӣ ба кор мегирифтанд ва истифода мекарданд. Нозирон қаблан гузориш дода буданд, ки аъзои маҳаллии Толибон бо сохтакорӣ дар синни сабтшуда дар кортҳои шиносоии худ, кӯдаконро ба кор мегирифтанд”.
Ин дар ҳолест, ки дар панҷ соли тасаллути дубораи Толибон бар Афғонистон, гузоришҳои зиёде дар бораи “бачабозӣ»-и аъзо ва ҷангҷӯёни ин гурӯҳ нашр шудаанд.
Бо вуҷуди ин, то кунун ҳеч узв ё ҷангҷӯйи гурӯҳи Толибон бо иттиҳоми даст задан ба “бачабозӣ” боздошт, муҳокима ва муҷозот нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Тоҷикистон иҷрои конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро муҳим арзёбӣ намуд
Агантии обуҳавошиносӣ: "Се рӯз хокбориш пешгӯӣ мешавад"
Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар доираи СААД ва ИДМ машваратҳо баргузор карданд