Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: “Бачабозӣ” дар миёни Толибон идома дорад
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Вазъи саломатии ҳамсари Николас Мадуро дар зиндони Амрико бад шудааст
Гузориши Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон: Толибон кӯдаконро ба ҳайси сарбоз ҷалб мекунанд
Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи қочоқи инсон нишон медиҳад, ки гурӯҳи террористии Толибон аз кӯдакон ба ҳайси сарбоз барои амалиётҳои ҷангӣ истифода мекунанд.
Ин гузориш рӯзи ҷумъа, 9-юми октябр, аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико нашр шуда, қочоқи инсонро дар кишварҳо ва сатҳҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор додааст.
Бар асоси гузориш, ниҳодҳо ва вазоратҳои Толибон ҳадди ақал тадбирҳои заруриро барои решакан кардани қочоқи инсон риоя намекунанд ва дар ин замина ҳеч талоше низ анҷом надодаанд.
Дар гузориш омадааст: “Намунаҳое аз ҷалб ва ба кор гирифтани кӯдакон ба ҳайси сарбоз дар нақшаҳои ҷангӣ ва пуштибонӣ, инчунин, намунаҳое аз ғуломдории ҷинсӣ мушоҳида шудаанд”.
Дар бахше аз гузориш таъкид шудааст, ки Толибон ба ғайр аз талош накардан барои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон, ба заиф кардани созмонҳои ғайридавлатие низ пардохтаанд, ки аз ҳуқуқи қурбониён ҳимоят мекарданд.
Дар ин гузориш ҳамчунин, омадааст, фармони раҳбари Толибон, ки таҳти унвони “Қонуни ҷазо” муаррифӣ шудааст, таърифи дақиқе аз қочоқи инсон пешниҳод намекунад ва дорои муқаррароте мебошад, ки ғуломдориро ба расмият мешиносад.
Ин дар ҳолест, ки бо тасаллути дубораи Толибон, тамоми ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи кӯдакон дар Афғонистон аз фаъолият бозмондаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ суханронӣ карданд
Намояндагони вижаи Трамп барои гуфтугӯ бо Путин ба зудӣ ба Маскав мераванд
Ҷоизаи сулҳи Нобел дар соли 2026 ба “Навӣ” Пиллэй, ҳуқуқшиноси маъруфи Африқои Ҷанубӣ дода шуд
Шабакаи иҷтимоии бузургтарини Русия аз Иттиҳоди Аврупо ба додгоҳ шикоят бурд