Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чинро дар майдони худ шикаст дод
Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”
Соҳибкорони Хатлон бо имкониятҳои нави рақамӣ ва сармоягузорӣ шинос шуданд
Дар даври сеюми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 ҳазору 484 довталаб иштирок мекунад
Як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ дар Душанбе фоҳишахона ташкил кардаанд
Мақомоти интизомӣ аз ошкори як фоҳишахона дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе хабар дод.
Иттилоъ дода мешавад, ки кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як далели ташкили фоҳишахона аз ҷониби як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷиро ошкор намуданд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навиштааст, муайян гардид, ки шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ дар меҳмонхонаи «HULBUK PALACE» воқеъ дар кӯчаи Қ. Кироми ноҳияи Шоҳмансур, маркази дилхушӣ ташкил намуда, аммо онро ба фоҳишахона табдил додаанд.
“Гумонбарон ҳамзамон як гурӯҳ ҷавондухтарони сабукпо, ки шаҳрвандони яке аз кишварҳои хориҷӣ мебошанд, барои иҷрои амалҳои шаҳвонӣ ҷалб намуда, бар ивази маблағ барои ба танфурӯшӣ машғул гардидан шароит фароҳам сохтаанд”, - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба гумонбари асосии ин ҷиноят барои ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ, бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо мақсади дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани дигар ҳаммаслаконаш чорабиниҳои оперативӣ идома доранд.
Тибқи иттилои дастрас, нисбат ба 22 нафар ҷавондухтари сабукпо ва дигар шаҳрвандоне, ки дар ин кирдор даст доранд, маводи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҳудуди кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд
Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд
Президенти кишвар ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ карданд
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”