Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Лавров: “Агар Зеленский хоҳони дидор бо Путин бошад, бояд ба Маскав биёяд”
Хитоби Ироқчӣ ба Мертс: Дигар ҳеч мулоҳиза нахоҳем кард
Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд
Амрико ба таҳримҳои нави зидди Русия ва Эрон роҳ мекушояд
Палатаи намояндагони Конгресси ИМА субҳи чоршанбе як қатъномаи мурофиавиро қабул кард, ки роҳро барои овоздиҳии минбаъда дар бораи тарҳи таҳримҳои нави зидди Русия ва Эрон боз мекунад.
Бино ба гузориши «Спутник», ба ин қатънома 214 қонунгузори амрикоӣ раъйи мусбат ва 211 нафар раъйи манфӣ додаанд.
Ҷаред Голден ва Мари Глусенкамп Перес, ду намояндаи демократ бо вуҷуди мухолифати бархе аз ҳамҳизбони худ, ба ҷумҳурихоҳон дар пуштибонӣ аз қатънома ҳамроҳ шуданд.
Моҳи август Сенати ИМА низ тарҳи таҳримҳои нав алайҳи Русия ва Эронро қабул карда буд. Ин тарҳ аз ҷониби сенатор Линдси Грэм пешниҳод шудааст.
Бар асоси ин тарҳ, пешниҳод шудааст, ки барои панҷ харидори бузурги маҳсулоти энержии Русия ва Эрон боҷи 100-фоиза ва барои тамоми воридоти Русия ба ИМА боҷи 500-фоиза ҷорӣ шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид