Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Гузориши «Ню-Йорк Таймз» аз ошӯб дар Пентагон: Ҳегсет ба эҷоди фазои нобоварӣ муттаҳам мешавад
Рӯзномаи амрикоии «Ню-Йорк Таймз» дар гузорише аз он чӣ «ошӯби доимӣ» дар Вазорати ҷанги Иёлоти Муттаҳида таҳти роҳбарии Пит Ҳегсет, вазири ҷанг, номидааст, навиштааст, ки ин вазъият тавоноии мақомоти баландпояи низомиро барои тамаркуз ба авлавиятҳои амниятии ИМА коҳиш додааст.
Ин рӯзнома шоми душанбе бо такя ба мақомоти феълӣ ва собиқи низомии Амрико гузориш дод, ки таҳаввулоти моҳҳои ахир дар Пентагон фазои нобовариро ба вуҷуд оварда, бархе аз мақомоти баландпояи низомиро аз тамаркуз ба вазифаҳо ва ҳадафҳои аслии худ боздоштааст.
Бар асоси ин гузориш, мақомоти низомии Амрико вазъи кунунӣ дар Пентагонро давраи пурталотуме тавсиф кардаанд, ки дар он тағйироти густурда дар сатҳҳои раҳбарӣ, барканории афсарон ва қарорҳо дар бораи пешбарии онҳо ба мақомҳои болотар ба фаъолияти Вазорати ҷанг таъсир гузоштааст.
«Ню-Йорк Таймс» навиштааст, ки бархе аз мақомоти низомӣ ва афроди огоҳ аз вазъи дохилии Пентагон ба далели нигаронӣ аз паёмадҳои эҳтимолии изҳороташон нахостаанд номашон ошкор шавад.
Ба гуфтаи манобеи ин рӯзнома, Ҳегсет ҳамчунин, дар роҳи идомаи фаъолияти бархе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ, ки таҷрибаи мустақими ҷангӣ доранд, монеа эҷод кардааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки Ҳегсет тақрибан 80 генерал ва адмиралро барканор кардааст ё монеи пешбарии онҳо ба мақомҳои болотар шудааст. Ба навиштаи рӯзнома, бархе аз афсарони низомӣ шоҳиди канор гузошта шудани фармондеҳон ва устодони низомии худ будаанд, ки солҳои зиёд таҷрибаи низомӣ доштаанд, аммо бидуни дарки рӯшане аз сабаби барканориашон аз мақомҳои худ дур карда шудаанд.
«Ню-Йорк Таймс» афзудааст, ки дар пайи ин тағйирот бархе аз мақомҳои калидии раҳбарӣ дар Пентагон моҳҳо холӣ мондаанд. Ба гуфтаи манобеъ, ин вазъ боис шудааст, ки бархе аз афсарони низомӣ барои пазируфтани мақомҳои пешниҳодшуда ва идомаи хидмат дар Пентагон дудила шаванд.
Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» дар ҷамъбасти гузориши худ навиштааст, ки идомаи чунин вазъ метавонад тамаркузи Вазорати ҷангро ба авлавиятҳои аслии амниятии Иёлоти Муттаҳида душвортар кунад.
Мақомоти амрикоӣ то кунун дар бораи ҳамаи ҷузъиёти матраҳшуда дар ин гузориш ба таври оммавӣ изҳори назар накардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид