1 Ноябр 2026,
якшанбе, 16:17, Душанбе
14.09.2026 11:16

БРИКС “ғул”-и иқтисодиро ба ҳам меорад. Осиёи Марказӣ аз БРИКС чӣ мехоҳад?

Имсол нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС дар Деҳлии нав баргузор шуд. Дар ин нишаст ду кишвари Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд.

Гуфта мешавад, ҳадафи кишвараҳои Осиёи Марказӣ аз наздикӣ бо БРИКС ҷалби сармоя, рушди роҳҳои нақлиётӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо мебошад.

Расонаҳои ҳиндӣ иттилоъ медиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло ба дунболи ҷалби сармоя, рушди роҳҳои нақлиётӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои наванд, аммо аз узвияти комил дар ин созмон худдорӣ мекунанд.

Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз соли 2025 мақоми кишварҳои шарики ин созмонро доранд ва аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки роҳбаронашон дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.

Як таҳлилгари ҳиндӣ дар пасманзари гирди ҳам омадани ғулҳои иқтисодӣ дар зери чатри БРИКС навишт, ки таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба БРИКС қабл аз ҳама, ба манфиати иқтисодӣ вобаста хоҳад буд. Тибқи таҳлили ӯ, кишварҳои минтақа намехоҳанд худро ба як маркази қудрат вобаста кунанд ва кӯшиш доранд, ҳамзамон бо Русия, Чин, кишварҳои ғарбӣ, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷи Форс муносибат дошта бошанд.

Гуфта мешавад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр роҳи мустақим надоранд, пайдо намудани бозорҳои нав ва роҳҳои алтернативии тиҷорат аҳамияти зиёд дорад. Созмони БРИКС метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши робитаҳои иқтисодӣ бо Чин, Ҳиндустон, Русия ва дигар кишварҳои узви созмонро фароҳам кунад.

Кишвари Ӯзбекистон дар ин самт нисбат ба дигар кишварҳои минтақа қадами бештар гузоштааст. Ин кишвар ба Бонки нави рушди БРИКС шомил шуда, нахустин саҳмдори ин ниҳоди молиявӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Ин бонк метавонад барои маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи обёрӣ, энергетика, нақлиёт ва истихроҷи маъдан сарчашмаи иловагии сармоягузорӣ бошад.

Дар нишасти Ҳиндустон рушди нақлиёт яке аз масъалаҳои калидӣ барои кишварҳои минтақа мебошад. Онҳо мехоҳанд аз роҳҳои транзитии нав истифода кунанд, то молҳо бидуни вобастагии зиёд ба як кишвари муайян ба бозорҳои ҷаҳонӣ расонда шавад.

Вобаста ба ин “долони миёна” мавқеи муҳим пайдо намудааст. Ин роҳи нақлиётӣ Чинро ба воситаи баҳри Каспий ба кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Туркия ба Аврупо мепайвандад.

Ҷанг дар кишвари Украина ва таҳримҳои вобаста ба Русия таваҷҷуҳро ба чунин роҳҳои алтернативӣ бештар намудааст. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ диверсификатсияи роҳҳо ба интиқоли мол метавонад хатари вобастагӣ аз як масири транзитиро коҳиш диҳад.

Кишварҳое, ки рӯ ба созмони БРИКС доранд, аз ин созмон фақат сармоягузорӣ  ва рушди роҳҳои транзитии тиҷоратиро интизор нестанд, балки онҳо аз ин созмон дастрасӣ ба технологияҳои нав, руши иқтисоди рақамӣ ва ҷалби сармоя барои энергетикаи таҷдидшавандаро мехоҳанд.

Масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо биёбоншавӣ ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим низ барои кишварҳои узви созмони мазкур масъалаи муҳим мебошад.

Кишвари Ӯзбекистон ба ҳамкории рақамӣ ва мувофиқ сохтани стандартҳои саноатӣ таваҷҷуҳ нишон медиҳад, ки метавонад содироти маҳсулоти ин кишвар ба бозорҳои хориҷиро осонтар намояд.

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ бо БРИКС маънои рӯ овардан ба як блоги сиёсӣ ва дур шудан аз Аврупоро надорад. Баръакс, кишварҳои минтақа мехоҳанд БРИКС - ро ба ҳайси яке аз абзорҳои сиёсати хориҷӣ истифода баранд. Дар баробари ҳамкорӣ, ин кишварҳо муносибатҳояшон бо Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс ва дигар шариконро идома медиҳанд. Таҳлилгарони ҳиндӣ ба ин андешаанд, ки чунин муносибат ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки дар шароити тағйир ёфтани низоми байналмилалӣ имкониятҳои бештар дошта бошанд.

Бо ин далел, мақоми шарикӣ барои ин кишварҳо метавонад нисбат ба узвияти комил муносибтар бошад. Онҳо метавонанд  дар мулоқот ва барномаҳои БРИКС ширкат намуда, аз имкониятҳои иқтисодии ин созмон истифода кунанд ва ҳамзамон озодии интихоби сиёсати хориҷии худро ҳифз намоянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи Осиёи Марказӣ ба БРИКС бештар ба иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, технология ва  рушди устувор равона шудааст. Кишварҳои минтақа мехоҳанд робитаҳои худро бо қудратҳои мухталиф густариш диҳанд, вале аз вобастагии пурра ба ҳар як гурӯҳ ё давлат худдорӣ кунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

31.10.2026 14:28

Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад

Дунягозел Гулманова, раиси Маҷлиси Туркманистон гуфт, ки афзоиши ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши робитаҳо бо шарикони байналмилалӣ мавқеи Осиёи Марказиро дар иқтисоди ҷаҳон тақвият мебахшад. Дунягозел Гулманова ин нуктаро рӯзи 29-уми октябр дар ҷараёни Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баён кардааст.
31.10.2026 13:54

Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд

Имрӯз 31-уми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» (Friendship City Award for Outstanding Partnership with China)-ро ба раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Сиҷоуддин Саломзода супорид.
31.10.2026 13:16

Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи навтаъини Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Габриэлла Ивонна Акимова мулоқот намуд.
31.10.2026 11:11

Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд

Си Ҷинпин, роҳбари Чуҳурии Халқии Чин дар дидор бо раиси ҷумҳури Швейтсария аз зарурати таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Чин ва Аврупо таъкид кард. Си Ҷинпин дар дидор бо Ги Пармелен, раиси ҷумҳури Швейтсария, хостори густариш ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд.
31.10.2026 10:04

Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи сафири Амороти Муттаҳидаи Арабиро қабул намуд

30-юми октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи нахустин сафири муқими Фавқулода ва Мухтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдон Зейбон Алӣ Ал-Катбиро қабул кард.
31.10.2026 09:44

Озарбойҷон ва чор кишвари Осиёи Марказӣ байни худ низоми пардохти QR ҷорӣ мекунанд

Бонкҳои марказии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон барои таҳия намудани механизми ҳамгироии низомҳои миллии пардохтҳои QR то охири соли 2026 ба созиш расиданд.
31.10.2026 09:14

Путин: “Ҷанги Русия ва Аврупо ғолиб нахоҳад дошт”

Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия ҳушдор дод, ки дар сурати оғози ҷанг миёни Русия ва кишварҳои Аврупо ҳеч ҷонибе ғолиб нахоҳад шуд. Ӯ гуфт, Маскав қасди ҳамла ба Аврупоро надорад, вале барои ҳама гуна таҳаввулот омода аст.
31.10.2026 07:58

Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷиратро баррасӣ намуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин, дар хусуси вазъи кунунии муносибатҳо ва имкониятҳои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули назар намуданд.