Ду гол аз Мбаппе. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро дар майдони худ шикаст дод
Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Таронаи “Аз манӣ”-и Садриддин Наҷмиддин, Меҳрубони Равшан ва Баҳром Ғафуриро бозхонӣ карданд
Сарояндагони ҷавон Ҷаҳонгир Зарипов, Умедҷони Бурҳон ва Анушервони Баҳром таронаи сеовозии Садриддин Наҷмиддин, Меҳрубони Равшан ва шодравон Баҳром Ғафурӣ “Аз манӣ”-ро бозхонӣ карданд.
Ҷаҳонгир Зарипов, Умедҷони Бурҳон ва Анушервони Баҳром ба суруди “Аз манӣ” дар ҳаҷми зиёда аз 9 дақиқа намоҳанг омода кардаанд. Худашон ва се ҷавондухтари блогер нақшҳои асосиро иҷро намудаанд. Сужаи намоҳанг ҷолиб аст, яъне онҳо кӯшиш мекунанд, ки бо роҳҳои гуногун дили духтаронро ба даст оранд, вале муваффақ намешаванд.
Ҷолибияти хоси намоҳанг он аст, ки дар он Садриддин Наҷмиддин ва Меҳрубони Равшан нақш бозидаанд.
Ҳамчунин, дар охири намоҳанг маълум мешавад, ки Садриддин Наҷмиддин устоди духтарон аст, ӯ Анушервони Баҳром, писари Баҳром Ғафуриро ҳамроҳи худ мебарад. Ин ҷо метавон рамзу розеро ҷустуҷӯ кард, зеро Садриддин Наҷмиддин ва Меҳрубони Равшан ҳоло қайди ҳаётанду фаъолияти эҷодиашонро давом дода истодаанд, аммо чун Баҳроми Ғафурӣ нест, дӯсти ӯ писарашро канори худ гирифт.
Ёдовар мешавем, ки намоҳанги таронаи “Аз манӣ” давоми 13 соат дар Ютуб қариб 100 ҳазор бинанда пайдо кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Нурулло Алиев: “Ҳама чиз бо хости Худованд мешавад”
Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст
Ду гол аз Мбаппе. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро дар майдони худ шикаст дод