Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид
Чин хостори густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Аврупо шуд
Кишварҳои узви БРИКС масъалаи ҳазфи “доллар” дар Деҳлии навро баррасӣ мекунанд
Роҳбарони кишварҳои узви БРИКС рӯзҳои 12-ум ва 13-уми сентябр дар шаҳри Деҳлии нав гирди ҳам меоянд. Ҳозир шудани президентҳои Русия, Чин ва Эрон дар ин нишаст дар пасманзари тағйироти геополитикӣ ва талошҳо барои афзоиши кишварҳои рӯ ба рушд аҳамияти хос пайдо намудааст.
Бар асоси иттилои расонаҳои ҳиндӣ Ҳиндустон барои доир кардани ин нишаст омодагӣ мебинад. Ин гурӯҳ дар солҳои ахир ба яке аз минбарҳои ғайриғарбӣ табдил шудааст.
Дар ин нишаст масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва нақши кишварҳои узв дар сохтори байналмилалӣ баррасӣ мешавад.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, сафари Масъуд Пизишкиён дар рӯзи ҷумъа ва шанбе тарҳрезӣ шудааст. Ӯ афзуд, ки сафари раиси ҷумҳури Эрон ба Ҳинд хеле муҳим аст, зеро Теҳрон ба фаъолияти созмонҳои бисёрҷониба, аз ҷумла БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай аҳмияти зиёд медиҳад.
Дар ин нишаст интизор меравад, Масъуд Пизишкиён бо мақомоти Ҳиндустон ва роҳбарони дигар кишварҳо низ мулоқот кунад.
Бар асоси иттилои расонҳои ҳиндӣ президентҳои Ӯзбекистону Қазоқистон низ дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард.
Владимир Путин, президенти Русия низ дар хусуси ширкат дар нишасти Деҳлии нав омодагӣ мебинад. Дар асоси гузоиши расонаҳо, масълаи низоми пардохтҳои байналмилалӣ ва истифоди асъори миллӣ дар тиҷорат яке аз мавзуъҳои муҳимми БРИКС хоҳад буд.
Сухангӯи Президенти Русия гуфт, Русия аз “долларзудоӣ” ба маънои ҳазфи доллар аз низоми тиҷоратии кишварҳои узви БРИКС пуштибонӣ мекунад.
Тиқби иттилоъ, Русия ва Ҳиндустон дар солҳои ахир истифодаи рубл ва рупия дар тиҷорати дуҷонибаро бештар кардаанд.
Эрон ҳоло дар талоши ин аст, ки аз узвияти худ дар ин гурӯҳ барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо кишварҳои бузурги рӯ ба рушд истифода кунад.
Хатти хабарҳо
Раиси парлумони Туркманистон: Осиёи Марказӣ ба маркази муҳимми геополитикӣ ва иқтисодӣ табдил меёбад
Ноҳияи Данғара барандаи ҷоизаи байналмилалии «Барои шарикии барҷаста бо Чин» шуд
Ислом Махачев: “Рақобати навбатӣ яке аз охирин муҳорибаҳоям аст”
Масъалаи бештар ҷалб кардани қишри ниёзманд ба омӯзиши касбу ҳунар баррасӣ гардид