Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Мақоми рус: Ғарб бо бузург нишон додани хатари Афғонистон дар пайи нуфузи бештар дар минтақа аст
Як мақоми амниятии Русия гуфт, кишварҳои ғарбӣ бо бузург нишон додани таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон мехоҳанд барои ҳузури низомӣ ва амниятии худ дар Осиёи Марказӣ замина фароҳам кунанд.
Алексей Шевтсов, муовини Шурои амнияти Русия дар ин хусус дар нишасти “Созмони паймони амнияти Русия ва Созмони ҳамкории Шанхай - фазои амният” иттилоъ дод.
Тибқи гуфтаи ӯ, нигарониҳои пайваста дар хусуси вазъияти амниятии Афғонистон ба яке аз абзорҳое табдил шудааст, ки Ғарб барои тавҷеҳи афзоиши ҳузури низомӣ ва амниятии худ дар минтақа истифода мебарад.
Алексей Шевтсов иддао кардааст, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ дар кишварҳои ғарбӣ, таваҷҷуҳи онҳо ба Осиёи Марказӣ ва дигар қисматҳои Авруосиё коҳиш наёфтааст. Ӯ гуфт, захираҳои табиӣ ва роҳҳои интиқоли молу таҳҷизот дар ин минтақаҳо барои кишварҳои ғарбӣ аҳамияти стратегӣ доранд.
Ин мақоми русӣ гуфт, ки талошҳои Ғарб барои афзоиши нуфуз ва таъсири онҳо ба Осиёи Марказӣ маҳдуд намешавад. Ӯ Афғонистон, Украина, Қафқози Ҷанубӣ, ва Ховари Миёнаро низ аз ҷумлаи минтақаҳое ном бурд, ки ба гуфтаи ӯ, зери таъсири чунин сиёсат қарор доранд.
Алексей Шевтсов ҳадафи ниҳоии ин сиёсатро назорат ба захираҳо ва роҳҳои интиқол арзёбӣ кард ва афзуд, ки масъалаҳои амниятӣ ва таҳдидҳои минтақавӣ барои пешбурди ин ҳадафҳо истифода мешаванд.
Мақомоти ҳукумати Толибон дар Афғонистон борҳо иддаои кишварҳои дигарро дар хусуси нашр кардани таҳдидҳои амниятӣ аз қаламрави ин кишвар рад кардаанд.
Толибон мегӯянд, ба ҳеч гурӯҳ иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон бар зидди кишварҳои дигар истифода кунанд. Кобул ҳамчунин, таъкид мекунад, ки ба фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ дар қаламрави кишвар роҳ нахоҳад дод.
Масъалаи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон дар солҳои охир аз мавзуъҳои баҳсбарангез миёни кишварҳои минтақа ва қудратҳои ҷаҳонӣ боқӣ мондааст. Русия ҳамзамон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои амниятӣ ҳамкорӣ дорад ва ҳузури низомии худро дар минтақа нигоҳ медорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод