27 Октябр 2026,
сешанбе, 14:33, Душанбе
05.09.2026 10:52

Сайёҳи итолиёӣ: “Мурғоб нуқтаи муҳимми сайёҳӣ ва тиҷоратӣ дар шарқи Тоҷикистон аст”

Эринко Бо, сайёҳ ва муаллифи итолиёии блоги «Soffia il vento dell'est», ки ба Тоҷикистон сафар кардааст, дар блоги худ дар бораи Мурғоби Помир навиштааст. Сайёҳи итолиёӣ дар бораи роҳи Аличур то Мурғоб, манзараҳои баландкӯҳ, ҳайвоноти ваҳшӣ ва бозори ғайриодии шаҳр иттилоъ дода, нақши мавқеи географии Мурғоб дар тиҷорат ва омезиши фарҳангҳои тоҷикиро махсус таъкид мекунад.

Ӯ сафарашро аз Аличур оғоз мекунад.  Ӯ субҳи барвақт дар баландкӯҳ аз хоб бедор шуда, аввал аз ҳавои нисбатан мулоим ва осмони соф менависад. Дар гирду атрофи деҳа хонаҳои пасту сода ҷой гирифта, дар водии дур галаи қутосҳо мечаранд.

Ӯ менависад, ки Аличур муҳити хеле орому дур аз зиндагии шаҳрӣ аст. Танҳоӣ ва манзараҳои васеи кӯҳистонӣ ба сайёҳ эҳсоси дур будан аз ҷаҳони маъмулро медиҳанд.

Роҳи Аличур то Мурғоб

Масофаи байни Аличур ва Мурғоб тақрибан 90 километр аст, вале гузаштани он чанд соат вақт мегирад. Сабаби асосӣ ҳолати роҳ мебошад.

Ӯ менависад, ки бисёре аз қитъаҳои роҳ хароб шудаанд ва ронандагон дар баъзе ҷойҳо маҷбур мешаванд аз масири паҳлӯӣ истифода баранд. Баландии роҳ дар ин қисмати Помир аз тақрибан 3 ҳазору 700 то ба 4 ҳазору 200 метр мерасад.

Дар баробари мушкилоти роҳ, манзараҳои атроф барои сайёҳ ҷолиб боқӣ мемонанд. Қаторкӯҳҳои сангӣ, водиҳои васеъ ва қуллаҳои барфпӯш дар тамоми масир дида мешаванд.

Дар яке аз қитъаҳои роҳ саёҳи итолиёӣ аз кӯли хурде ёд мекунад, ки оби хеле шаффоф дорад. Ӯ ҳамчунин, ба олами ҳайвоноти Помир таваҷҷуҳ карда, аз дидани бузҳои кӯҳӣ ва суғурҳо нақл мекунад.

Сайёҳ мегӯяд, ки дидани ҳайвоноти ваҳшӣ аз наздик осон нест. Суғурҳо бо эҳсоси наздик шудани одамон зуд ба лонаҳои худ паноҳ мебаранд ва ҳайвоноти дигар низ одатан аз роҳ дур мемонанд.

Мурғоб дар баландии беш аз 3,600 метр

Пас аз чанд соати ҳаракат Мурғоб дар водии васеъ пайдо мешавад. Шаҳр дар баландии тақрибан 3 ҳазору 650 метр ҷойгир аст ва аз марказҳои асосии аҳолинишини Тоҷикистон хеле дур мебошад.

Сайёҳи итолиёӣ ба шароити иқлимии ин минтақа таваҷҷуҳ мекунад. Ба навиштаи ӯ, дар Мурғоб боришот кам, шамолҳо сахт ва тағйироти обу ҳаво ногаҳонӣ мебошанд. Ҳарорат метавонад дар зимистон хеле паст ва дар тобистон хеле баланд шавад ва эҳтимоли барф дар рӯзҳои гуногуни сол вуҷуд дорад.

Муаллиф аз худ мепурсад, ки чаро маҳз дар чунин муҳити сахт шаҳре ба вуҷуд омадааст. Ба назари ӯ, сабаби асосӣ мавқеи стратегии Мурғоб аст.

Чорроҳаи роҳҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Чин

Мурғоб дар наздикии шоҳроҳи Помир ва масири ағбаи Қулма ҷойгир шудааст, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Эринко Бо ба таърихи минтақа низ назар меандозад. Ӯ менависад, ки Помир дар охири асри XIX яке аз минтақаҳои рақобати Русия, Бритониё ва Чин буд. Русия дар ин ҷо постгоҳи низомӣ таъсис дода, баъдан роҳҳое сохт, ки минтақаҳои гуногуни Помирро ба ҳам мепайвастанд.

Ба навиштаи сайёҳ, имрӯз вазъ дигар шудааст. Минтақа бештар аз мавқеи худ ҳамчун масири тиҷоратӣ ва нақлиётӣ манфиат мегирад. Мурғоб дар масирҳои пайвасткунандаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин, ҷойгир буда, ҳамзамон барои сайёҳоне, ки аз шоҳроҳи Помир мегузаранд, нуқтаи муҳимми таваққуф шудааст.

Бозор дар контейнерҳои кӯҳна

Яке аз бахшҳои асосии гузориши Эринко Бо ба бозори Мурғоб бахшида шудааст. Ӯ бозори шаҳрро маҷмуаи контейнерҳои кӯҳнае тавсиф мекунад, ки ба мағоза, анбор ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ табдил дода шудаанд. Дар ин ҷо маҳсулоти гуногун фурӯхта шуда, нуқтаҳои хӯрокворӣ низ фаъолият мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, намуди бозор ғайриодӣ буда, аз бисёр бозорҳои маъмулии минтақаҳои дигар фарқ мекунад. Бо вуҷуди содагии муҳит, дар он ҳаёти фаъоли тиҷоратӣ идома дорад.

Муаллиф ҳамчунин, тағйироти ҷараёни молу маҳсулотро дар Мурғоб қайд мекунад. Ба навиштаи ӯ, дар гузашта қисми зиёди молҳо аз самти шаҳри Ӯши Қирғизистон ворид мешуданд, аммо баъдтар интиқоли мол аз Душанбе бештар шудааст. Ин раванд, ба гуфтаи ӯ, ба симои тиҷоратии шаҳр низ таъсир расондааст.

Омезиши фарҳангҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ

Сайёҳи итолиёӣ Мурғобро, инчунин, макони дидори ду фарҳанг медонад. Ба навиштаи ӯ, дар шаҳр ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо зиндагӣ мекунанд ва ин гуногунрангӣ дар бозор ва ҳаёти ҳаррӯза низ эҳсос мешавад.

Ӯ таъкид мекунад, ки тағйири роҳҳои тиҷоратӣ ва рушди робитаҳои иқтисодӣ дар солҳои охир ба зиндагии шаҳр таъсир гузоштаанд. Қисматҳои нави бозор бештар бо тоҷирони тоҷик алоқаманд буда, дар бахшҳои кӯҳна ҳузури тоҷирони қирғиз бештар ба назар мерасад. Ҳамин омезиши фарҳангҳо, ба андешаи муаллиф, яке аз хусусиятҳои ҷолиби Мурғоб аст.

Мурғоб ҳамчун нуқтаи сайёҳӣ

Гузориши Эринко Бо фақат ба худи шаҳр маҳдуд намешавад. Ӯ аз мавзеъҳои атрофи Мурғоб низ ёд мекунад, ки метавонанд барои сайёҳон ҷолиб бошанд.

Дар байни онҳо Кана-Қӯрғон, деҳаи Рангкӯл ва кӯлҳои атрофи он, инчунин, ғори Шахтӣ зикр мешаванд. Ба навиштаи ӯ, дар ғори Шахтӣ наққошиҳои қадимаи рӯйи санг боқӣ мондаанд. Дар атрофи Мурғоб ҳамчунин, имкониятҳои сайругашт дар кӯҳҳо ва мушоҳидаи табиати ваҳшӣ мавҷуданд.

Муаллиф аз фестивали «Ат-Кабиш» низ ёд мекунад, ки дар он бозиҳо ва мусобиқаҳои анъанавии аспдавонӣ баргузор мешаванд. Барои Эринко Бо, ҷолибияти Мурғоб пеш аз ҳама ба мавқеи он вобаста аст. Мурғоб дар муҳити сахти баландкӯҳӣ, дур аз марказҳои бузурги аҳолинишин ва дар наздикии масирҳои муҳимми Помир ҷой гирифтааст.

Дар тасвири ӯ, Мурғоб танҳо як нуқтаи таваққуф дар роҳи Помир нест. Ин минтақа ҳамзамон як маркази тиҷоратӣ, истгоҳи сайёҳӣ ва макони бархӯрди фарҳангҳои тоҷикӣ ва қирғизӣ дар шарқи Тоҷикистон мебошад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

27.10.2026 11:55

Гузоштани санги асоси эстакадаҳо ва ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ дар пойтахт

Имрӯз, 27-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони С. Шерозии ноҳияи Синои пойтахт, бо гузоштани санги асос ба сохтмони эстакадаҳо ва як пул дар ду марҳила оғоз бахшиданд.
27.10.2026 09:57

Швейтсария равобити худро бо Кореяи Шимолӣ эҳё мекунад

Инятсио Кассис, вазири корҳои хориҷии Швейтсария ҳафтаи ҷорӣ ба Кореяи Шимолӣ сафар карда, бо мақомоти ин кишвар масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, дар ҷараёни ин сафар дафтари намояндагии дипломатии Швейтсария дар Пхенян расман боз мешавад.
27.10.2026 09:46

Трамп: “Эрон мушаке дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА, иддао кард, ки Эрон мушаке дар ихтиёр дорад, ки метавонад ба Аврупо бирасад. Ӯ ҳамчунин, дар бораи оғози ҷанг бо Эрон, оташбас ва муҳосираи баҳрии ин кишвар изҳори назар кард.
27.10.2026 09:28

Русия ва Беларус аз омодагӣ ба муқобила бо ҳар гуна таҳдид хабар доданд

Борис Гризлов, сафири Русия дар Беларус гуфт, ки силоҳҳои ҳастаии Русия дар қаламрави Беларус мустақар буда, низомҳои мушакии “Орешник” дар ҳолати омодабош қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар гуна иқдоми низомии таҷовузкорона алайҳи ду кишвар бо посухи шадид ва қатъӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
27.10.2026 09:18

Вазорати хориҷии Покистон: Амалиёти низомӣ дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Покистон мегӯяд, ки амалиёти низомии ин кишвар дар Афғонистон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ анҷом шуда, танҳо “террористҳо” ва пойгоҳҳои пуштибонии онҳоро ҳадаф қарор додааст.
26.10.2026 16:44

Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз, 26-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунониро таъин намуданд.
26.10.2026 14:27

Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст

Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.
26.10.2026 10:58

Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд

Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.