Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Зеленский: “Сӯзишвории Русия наметавонад ба коҳиши назарраси нархҳо дар Амрико мусоидат кунад”
Тими Русия бо роҳбарии Слутский Тоҷикистонро мағлуб кард
Тими Русия оид ба футболи медиа дар марҳилаи аввали бозӣ зери сармураббигии Леонид Слутский ба тими медиаи Тоҷикистон бо ҳисоби 4:3 пирӯз гардид.
Бозии журналистони Тоҷикистон ва Русия рӯзи 4-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар қисмати аввали бозӣ, дар дақиқаи ҳаштум бозигари тими Русия Василий Маврин ба дарвозаи тими Тоҷикистон гол зад. Дар марҳилаи баъдӣ Фатҳуллоев, Восиев ва Бобиев пай дар пай се гол заданд ва Тоҷикистон бо ҳисоби 3:1 дар рақобат пештоз буд.
Дар дақиқаи 34-уми қисми дуюми бозӣ Анар Абдуллаев аз зарбаи пеналтӣ гол зад. Лаҳзаи ҳалкунандаи бозӣ дақиқаи охири бозӣ буд. Роман Павлюченко дар дақиқаҳои охири бозӣ бо “тӯби сурхи бонусӣ” гол зад. Бар асоси қоидаҳои меиафутбол, чунин гол ду имтиёз ба шумор меравад. Ба ин тартиб Русия бо ҳисоби 4:3 пирӯзи бозӣ шуд.
Дар ҷараёни бозӣ футболбози Русия Млечний аз майдони бозӣ хориҷ карда шуд.
Леонид Слутский ба ҳайси сармураббии тими Русия оид ба медиафутбол буд. Ӯ 10-уми август ба ин вазифа таъин шуд. Слутский қаблан сармураббии тими миллии Русия ва клуби “Шанхай Шенху” -и Чин буд.
Қабл аз оғози бозӣ ҶДММ “ТАС ИНТЕРНЕЙШНЛ ГРУПП” ба Слутский ва собиқ бозигари тими миллии Русия Алан Дзагоев дар шаҳри Душнбе манзил тақдим намудааст. Ин иқдом дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон сурат гирифт.
Алан Дзагоев се маротиба қаҳрамони Русия дар ҳайти клуби “ЦСКА” шуд ва барои тими миллии Русия низ бозӣ кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид