18 Октябр 2026,
якшанбе, 23:45, Душанбе
02.09.2026 14:43

Арманистон миёни Русия ва Ғарб: РИА Новости аз хатари такрори роҳи Украина мегӯяд

“РИА Новости” сиёсати кунунии Арманистонро барои наздик шудан ба Иттиҳоди Аврупо ва коҳиши робитаҳо бо Русия таҳлил карда, навишт, ки чунин раванд метавонад барои иқтисод ва бахши энергетикии Ереван мушкилоти нав эҷод кунад. Хабаргузории Русия ин вазъро бо таҷрибаи Украина муқоиса кардааст.

Дар мақолаи таҳлилии “РИА Новости” ба тағйироти сиёсати хориҷӣ ва иқтисодии Арманистон таваҷҷуҳ шудааст. Муаллифи мақола Сергей Савчук бар ин назар аст, ки Ереван дар солҳои охир ба самти наздикшавӣ бо кишварҳои ғарбӣ ҳаракат мекунад.

Ин баҳс дар пайи мулоқоти Владимир Путин, президенти Русия ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар ҳошияи нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Бишкек матраҳ шудааст.

Ба навиштаи “РИА Новости”, Путин гуфтааст, ки қабули қонун дар бораи нияти Арманистон барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо метавонад ба маънои дур шудани кишвар аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бошад.

Муаллифи мақола ҳамчунин, ба мавқеи Ереван дар робита ба Созмони аҳдномаи  амнияти Дастаҷамъӣ ишора карда, менависад ки, мақомоти Арманистон ин созмонро дигар кафили муносиб барои амнияти кишвар намедонанд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки “РИА Новости” ба он ишора мекунад, воридоти гази Русия мебошад. Тибқи маълумоти овардаи “РИА Новости”, Арманистон барои қонеъ кардани ниёзҳои худ тақрибан 2,7 миллиард метри мукааб гази табиӣ ворид мекунад. Аз ин миқдор тақрибан 2,2 миллиард метри мукааб аз Русия ва қисми боқимонда аз Эрон таъмин мешавад.

Хабаргузорӣ менависад, ки дар сурати идомаи наздикшавии Арманистон ба сохторҳои аврупоӣ, масъалаи нархи газ метавонад барои иқтисоди кишвар муҳим гардад. Муаллифи мақола нархи кунунии гази Русияро бо нархҳои бозори Аврупо муқоиса карда, пешбинӣ мекунад, ки гузариш ба нархҳои бозорӣ метавонад хароҷоти истеъмолкунандагон ва корхонаҳои саноатиро афзоиш диҳад. Ба гуфтаи ӯ, чунин тағйирот метавонад ҳукумати Арманистонро водор кунад, ки барои дастгирии корхонаҳои бузурги саноатӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо кунад. Дар мақола аз корхонаҳои бузурги мису молибден, корхонаи истеҳсоли фолгаи «Арминал» ва ширкати «Араратсемент»  ёд шудааст, ки метавонанд аз болоравии арзиши энергия таъсир бигиранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.