Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Дипломати рус: Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад
Денис Гончар, сафири Русия дар Белгия мегӯяд, ки Маскав барои ҳамла ба Белгия ё дигар кишварҳои узви Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) на хоҳиш дорад ва на далеле.
Гончар рӯзи душанбе дар суҳбат бо шабакаи «РИА Новости» изҳор дошт, ки баъзе кишварҳои аврупоӣ аз эҳтимоли таҳдиди Русия ба НАТО барои асоснок кардани афзоиши хароҷоти низомӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии худ истифода мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, «Русия на хоҳиш ва на далеле барои ҳамла ба Белгия ё ҳар кишвари дигари НАТО дорад». Дипломати рус афзуд, ки бузург нишон додани чунин таҳдидҳо ба гуфтаи ӯ барои «асоснок кардани низомисозии босуръат» ва афзоиши хароҷоти низомӣ сурат мегирад.
Гончар ҳамзамон ба афзоиши буҷети низомии Белгия ишора кард. Ӯ гуфт, ки хароҷоти низомии ин кишвар аз тақрибан 8 миллиард евро дар соли гузашта ба наздики 13 миллиард евро расидааст, ки баробар ба 2 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии ин кишвар мебошад.
Сафири Русия, инчунин, гуфт, ки ҳукумати Белгия ҳаҷми умумии хароҷоти низомиро барои соли ҷорӣ 3,44 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб кардааст. Ба гуфтаи ӯ, 2,01 дарсади ин нишондиҳанда мустақиман ба хароҷоти мудофиа рост меояд.
Изҳороти Гончар дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоии узви НАТО дар солҳои охир, бахусус пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина, ба афзоиши хароҷоти мудофиа ва тақвияти иқтидори низомии худ таваҷҷуҳи бештар медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”