Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Ҷавонҳои Тоҷикистон ба майдони ҳалкунанда мебароянд: Баҳрайн, Афғонистон ва Урдун дар пеш
Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) аз 31-уми август то 6-уми сентябр дар Баҳрайн барои роҳ ёфтан ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё -2027 се бозии ҳалкунанда анҷом медиҳанд.
Дар ин бозӣ тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Баҳрайн, Афғонистон ва Урдун рақобат хоҳад кард. Ҳама бозиҳои гурӯҳ дар варзишгоҳи “Халифа спорт Сити” дар шаҳри Исо Таун доир мегардад.
Нахустин санҷиши ҷиддӣ барои шогирдони Рустам Хоҷаев рӯзи 31-уми август дар муқобили мизбонони мусобиқа - Баҳрайн доир мегардад. Баъди се рӯз тими Тоҷикистон бо тими Афғонистон бозӣ хоҳад кард. Ҳамчунин, тими Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр дар бозии охирини гурӯҳ бо Урдун қувваозмоӣ хоҳад кард.
Тибқи иттилои расонаҳо тими ҷавонони Тоҷикистон барои ин мусобиқа омодагии ҷиддӣ дидааст. Тими ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба Бейрут сафар намуда, бо тими Лубнон ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Қабл аз ин футболбозони ҷавон дар Масқат низ ду бозии дӯстона бо Уммон доир намуданд.
Ҳоло таваҷҷуҳи асосии тими ҷавонони Тоҷикистон ба макони асосии баргузории бозӣ - Баҳрайн равона шудааст ва ин метавонд сарнавишти Тоҷикистонро дар марҳилаи интихобӣ мушаххас кунад.
Ба навиштаи расонаҳо, бозӣ бо ду мизбони гурӯҳ метавонад аз оғози мусобиқа фишори зиёд ба ҳар ду даст ворид кунад. Баъди он навбати гурӯҳ ба Афғонистон мерасад. Дастаи Афғонистон низ барои мусобиқа омодагии худро анҷом дода, бо ҳайати 23-нафара ба Баҳрайн сафар хоҳад кард. Бозии охирин, ки бо тими Урдун аст, 6-уми сентябр доир мегардад. Ин мулоқот метавонад муҳим бошад, зеро то ин вақт вазъи ҷадвали гурӯҳ маълум хоҳад шуд.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё -2027 миёни дастаҳои то 20-сола 44 мунтахаб ширкат мекунанд. Дастаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд ва барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза хоҳанд бурд.
Тибқи низомномаи мусобиқа ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ғолибони асосии гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаҳои ҷойи дувум роҳхат хоҳанд гирифт.
Барои Тоҷикистон ин ба маънои он аст, ки футболбозони ҷавони тоҷик бояд аз се бозӣ ҳадди имкон бештар хол ба даст оранд. Як ғалаба метавонад руҳияи дастаро боло барад, вале барои таъмини роҳхат фақат ба як натиҷа такя намудан хатарнок хоҳад буд.
Бар асоси иттилои ниҳоӣ ҷадвали бозиҳо чунин муайян шудааст: 31-уми август - Баҳрайн, 3 –юми сентябр - Афғонистон ва 6-уми сентябр - Урдун.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид