Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Песков: “Арманистон барои тарки СААД озод аст”
Сухангӯи Кремл дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки Арманистон метавонад бар асоси манфиатҳои худ қарори аз Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ хориҷ шуданро қабул кунад.
Дмитрий Песков баъди суханони Никол Пашинян, сарвазири Арманистон дар хусуси ихроҷ кардани кишвараш аз аъзогии СААД таъкид кард, ки тасмими ниҳоиро бояд худи ин кишвар гирад.
Сухангӯӣ президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, агар ин кишвар узвият дар созмони мазкурро барои худ зарур намедонад, метавонад аз он хориҷ шавад.
Дмитрий Песков таъкид намуд, ки барои ӯ фаҳмидани мавқеи Ереван душвор аст ва афзуд, ки мақомоти Арманистон қаблан, на дар хусуси хориҷ шудан, балки дар хусуси боздоштани узвияти Арманистон дар ин созмон сухан мегуфтанд.
Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи душанбе таъкид кард, ки дар дохили созмон масъалаи эҳтимоли хориҷ кардани Арманистон аз узвияти ин созмон баррасӣ мешавад. Тибқи гуфтаи ӯ, оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имконияти хориҷ намудани кишварҳои узвро пешбинӣ мекунад.
Робитаҳои Арманистон бо ин созмони низомӣ баъди ҷанг бо Озарбойҷон ва аз даст додани минтақаи Қарабоғи кӯҳӣ сард шуд. Озарбойҷон бо як ҳамлаи низомӣ ин минтақаро тасарруф намуда, ба хоки худ замима кард. Озарбойҷон ин минтақаро қаламрави худ медонист, аммо Арманистон онро сарзамини арманиҳо меномид.
Дар замони Шӯравӣ ин минтақаи баҳсӣ миёни ду кишвар буд ва дар солҳои 90-уми асри гузашта бо ҷангҳои хунин арманиҳо онро дар қаламрави кишвари худ нигоҳ медоштанд.
Баъди шикаст дар ҷанг бо Озарбойҷон Никол Пашинян меморандуми сулҳ бо Озарбойҷонро пешниҳод намуд ва ҳоло дар ин замина гуфтугӯҳо бо миёнҷигарии аврупоиҳо идома дорад. Русия неруҳои сулҳбонашро аз ин минтақа хориҷ намуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”