Ҳиндустон ва Русия дар бораи Афғонистон ва Покистон машварат карданд
Амрико мехоҳад таҳримҳо бар зидди киштиҳои нафткаши Русия ва Эронро коҳиш диҳад
Песков: “Аврупо барои идомаи ҷанг дар Украина талош мекунад”
ЮНИСЕФ: беш аз 2,6 миллион духтар дар Афғонистон аз таҳсил маҳрум шудаанд
Туркия: ҳамлаҳои лафзии Нетаняҳу ба Эрдуғон нишонаи нотавонии Исроил аст
Мақомоти Туркия ҳамлаҳои шадиди Дафтари сарвазири Исроил ба Раҷаб Тайиб Эрдуғонро маҳкум карда, онҳоро талоше барои пӯшондани буҳрони сиёсӣ ва гурез аз масъулияти ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо бар зидди башарият арзёбӣ карданд. Таниш миёни Анқара ва Тел-Авив дар пайи талаби Туркия барои эълони «огоҳии сурх»-и Интерпол нисбат ба Бенямин Нетаняҳу шиддат гирифтааст.
Хадамоти матбуоти президенти Туркия дар вокуниш ба изҳороти Хадамоти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бар зидди Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ин суханон «беасос ва шармовар» буда, аз ҳақиқатҳои таърихӣ ва ҷиддияти сиёсӣ холӣ мебошанд.
Ба гуфтаи ин ниҳоди турк, чунин мавзеъгирӣ бештар аз ҳама нишонаи «бунбаст ва нотавонии» ҳукуматест, ки талош мекунад аз паёмадҳои ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо бар зидди башарият гурезад.
Анқара ҳамчунин, сиёсати ҳукумати Нетаняҳуро, ки ба гуфтаи он, бо ҳадафҳои интихоботӣ пеш бурда мешавад, «сабук» номида, таъкид кард, ки ин гуна иқдомҳо дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи қобили таваҷҷуҳ надоранд.
Хадамоти матбуоти президенти Туркия афзуд, ҳамлаҳои дафтари Нетаняҳу ба Эрдуғон эҳтимолан аз хашми мақомоти Исроил дар баробари мавқеи устувори Анқара сарчашма мегирад. Ин ниҳод ҳамзамон ҳушдор дод, ки талош барои муаррифии Туркия ҳамчун «таҳдиди нав» метавонад барои сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад.
Раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия Нӯъмон Қуртулмуш низ ба изҳороти Дафтари сарвазири Исроил вокуниш нишон дод. Ӯ Нетаняҳуро яке аз масъулони аслии фоҷеаи Ғазза номида гуфт, ки сарвазири Исроил наметавонад бо иттиҳом бар зидди Туркия ва президенти он аз масъулияти амалҳои худ фирор кунад. Қуртулмуш изҳороти дафтари Нетаняҳуро «густохона» арзёбӣ карда, гуфт, ки ба гуфтаи ӯ, раҳбарони Исроил барои Анқара «ҳеч арзиш ва эътиборе» надоранд. Раиси парлумони Туркия ҳамчунин, изҳор дошт, ки Нетаняҳу ва ҳукумати ӯ «дер ё зуд» дар додгоҳҳои байналмилалӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Вокуниши Анқара баъд аз он садо дод, ки Дафтари сарвазири Исроил ба талошҳои Туркия барои пайгарди қонунии Нетаняҳу посухи тунде дод. Дафтари Нетаняҳу Эрдуғонро ба талош барои густариши фишор алайҳи Исроил аз тариқи Сурия муттаҳам карда ва гуфт, ки Тел-Авив инро таҳаммул нахоҳад кард.
Дар ин изҳорот Эрдуғон бо иттиҳомҳои мухталиф, аз ҷумла «диктатори зиддисемит», муттаҳам шудааст. Дафтари Нетаняҳу ҳамчунин, Анқараро ба ноором кардани минтақа ва таҳдид ба амнияти Исроил муттаҳам кард. Туркия бошад, ин иддаоҳоро рад карда, мавзеъгирии худро дар бораи пайгарди қонунии Нетаняҳу идома додааст.
Акин Гюрлек, вазири адлияи Туркия гуфт, Анқара дар робита ба парвандаи ҷиноятии идомадошта алайҳи Нетаняҳу бо иттиҳоми генотсид, аз Интерпол хостори содир шудани «огоҳии сурх» шудааст.
Ҳамин талаби Туркия барои ҷалби механизми байналмилалии пайгарди қонунӣ алайҳи Нетаняҳу ба яке аз омилҳои асосии авҷ гирифтани ҷанги лафзӣ миёни Анқара ва ҳукумати Исроил табдил ёфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид