28 Ноябр 2026,
шанбе, 19:10, Душанбе
19.08.2026 14:01

Дар Исфара марде бо баҳонаи хондани дуо ба ҷинояти ҷинсӣ гумонбар шуд

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мақомоти интизомӣ мардеро ба содир кардани амалҳои бадахлоқона нисбат ба занон бо истифода аз эътимоди динии онҳо гумонбар медонанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳолат дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ошкор шудааст.

Ба иттилои Вазорат, гумонбар Исомиддинов Садриддин, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Конибодом буда, дар Исфара муваққатан зиндагӣ мекардааст. Мақомот мегӯянд, ӯ қаблан низ бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД, мард гӯё бо баҳонаи хондани дуо ба заноне, ки барои гирифтани кумак ба назди ӯ меомаданд, амалҳои бадахлоқона анҷом медодааст.

Яке аз ҳолатҳои зикршуда ба 13-уми августи соли 2026 рост меояд. Ба гуфтаи мақомот, гумонбар ба манзили як сокини шаҳри Исфара рафта, худро барои хондани дуо муаррифӣ кардааст. ВКД мегӯяд, ӯ ҳангоми анҷоми ин амал аз эътимоди динии зан истифода карда, нисбат ба ӯ рафтори бадахлоқона нишон додааст.

Дар робита ба ин қазия нисбат ба Исомиддинов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши парванда идома дорад. Ҷузъиёти дигари қазия, аз ҷумла мавқеи гумонбар ва натиҷаи ниҳоии тафтишот то ҳол расман нашр нашудааст.

Гумонбар то замони собит шудани гуноҳаш дар додгоҳ мутобиқи қонун бегуноҳ дониста мешавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

28.11.2026 15:44

Раҳбари ҳизби чапгарои Фаронса: Эрон ҳаққи дифоъ аз худро дорад

Жан-Люк Меланшон, раҳбари ҳизби чапгарои “Фаронсаи таслимнопазир”, дар як ҳамоиши интихоботӣ дар шаҳри Лил аз ҳаққи Эрон барои дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ҳимоят карда, ҳамзамон хостори қатъи равобити тиҷоратии Иттиҳоди Аврупо бо ҳукумати Бенямин Нетаняҳу шудааст.
28.11.2026 09:52

Баррасии дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ дар Тошканд

27-уми ноябр дар шаҳри Тошканд раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UN Tourism) Шайха Ал-Нувайс мулоқот намуд.
28.11.2026 08:57

Бабри барфӣ пас аз муоина ба макони бехавф баргардонида шуд

Мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва кормандони Парки миллии Тоҷикистон бабри барфиеро пас аз муоинаи тиббӣ ба макони бехатар баргардониданд.
28.11.2026 08:55

Маскав: “Долони Трамп” бе ба назар гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия ноком хоҳад шуд

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳушдор додааст, ки нодида гирифтани манфиатҳои Эрон ва Русия дар иҷрои тарҳи мавсум ба “Долони Трамп” метавонад ин тарҳи ҳамлу нақлро ба шикасти комил рӯбарӯ кунад.
28.11.2026 08:49

Созмони “Табибони бидуни марз”: Дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ду корманди мо дар Ғазза кушта шуданд

Созмони байналмилалии Табибони бидуни марз” аз кушта шудани ду корманди худ дар ҳамлаи мустақими ҳавоии Исроил ба яке аз марказҳои тиббии ин созмон дар Навори Ғазза изҳори хашм ва таассуф кардааст.
28.11.2026 06:13

Далер Ҷумъа бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Сангикар» шинос шуд

Имрӯз, 27-уми ноябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт бо вазъи техникию истеҳсолии Неругоҳи хурди барқи обии «Сангикар» шинос шуд.
27.11.2026 15:00

Мавсум Муинӣ иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишварро муаррифӣ намуд

Мавсума Муинӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти солонаи байниминтақавии Парлумонҳои Араб ва Осиёӣ: Ояндаи аҳолӣ ва рушди устувор дар самти тавонмандсозии занону ҷавонон, баробарӣ, тандурустӣ ва некӯаҳволӣ, ки дар шаҳри Коломбои Шри Ланка доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.
27.11.2026 12:38

Рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ИСЕСКО баррасӣ шуд

Дар ҳошияи конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо директори дафтари минтақавии Созмони исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Боку Абдулҳаким бин Фаҳад бин Абдулазиз Алсенан баргузор гардид.
27.11.2026 12:14

Трамп ва дабири кулли НАТО дар бораи ҷанги Украина ва даргириҳои Эрон гуфтугӯ карданд

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, эълом кардааст, ки дар дидор бо Марк Рютте, дабири кулли Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), дар бораи ҷанги Русияву Украина, даргириҳои Эрон ва афзоиши хароҷоти дифоии кишварҳои узви ин паймон гуфтугӯ кардааст.
27.11.2026 12:10

Русия аз ҳамла ба зерсохторҳои логистикӣ ва низомии Украина хабар дод

Вазорати дифои Русия эълом кардааст, ки неруҳои ин кишвар шабона ба зерсохторҳои логистикии Украина ҳамла кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин, гуфтааст, ки 317 паҳподи украинӣ дар минтақаҳои гуногуни Русия сарнагун шудаанд.