Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Фасодхона дар мошин. Мақомот аз боздошти чор кас хабар дод
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз ошкор кардани як фасодхона хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино як фасодхонаро ошкор намуда, ҳамчун гумонбар шаҳрванд Изатуллоев Акмал, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, бо се нафар истеъмолкунандаи воситаҳои нашъадор дастгир карданд.
Гуфта мешавад, ки гумонбаршаванда муддатест воситаи нақлиёти шахсиаш тамғаи «Мерседес», рақамҳои қайди давлатии 4509ТТ09-ро бо мақсади истеъмоли воситаҳои нашъадор ба фасодхона табдил додааст.
“Номбурда дар дохили воситаи нақлиёт шароит фароҳам оварда, ҳамроҳи рафиқонаш ба истеъмоли моддаҳои психотропии навъи «Метамфетамин» ва «Ҳашиш» машғул гардидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни кофтуков аз дохили воситаи нақлиёт як миқдор воситаҳои нашъадори навъи «Метамфетамин» ва «Ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кремл: Украина посухи ҳамлаҳои ахирашро интизор бошад
Иттиҳоди Аврупо 27 шахс ва ниҳоди марбут ба Русияро таҳрим кард
Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд
Президенти Сербистон истеъфо дод