Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Лавров: “Бо ҳамаи тарафҳои даргир дар буҳрони Халиҷи Форс дар тамос ҳастем”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, гуфтааст, ки Маскав бо ҳамаи тарафҳои даргир дар буҳрони Халиҷи Форс дар тамос аст ва аз онҳо хостааст ҳарчи зудтар ба оташбас даст ёбанд.
Ба гузориши расонаҳои Русия, Лавров рӯзи ҷумъа, 17-уми июл зимни изҳороте дар бораи буҳронҳои минтақаӣ, нисбат ба паёмадҳои идомаи танишҳо дар Халиҷи Форс ҳушдор дода ва бар зарурати таваққуфи фаврии даргириҳо ва бозгашт ба вазъияти пеш аз ҷанг дар тангаи Ҳурмуз таъкид кардааст.
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин, бо ишора ба таъсири манфии буҳрони тангаи Ҳурмуз бар тиҷорати ҷаҳонӣ гуфтааст, ки иҷрои тарҳи роҳи оҳани Эрон – Озарбойҷон – Русия метавонад ҳамчун як роҳи ҳалли роҳбурдӣ барои муқобила бо ин таҳдид амал кунад.
Ӯ дар идомаи суханонаш аз эҳтимоли густариши даргириҳо ҳушдор дода ва гуфтааст, ки дар сурати идомаи иқдомҳои низомӣ алайҳи Эрон, танишҳо метавонад ба Баҳри Сурх низ сироят кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолат вазъият барои тиҷорати ҷаҳонӣ ба маротиб бадтар аз ихтилол дар бозори нафт хоҳад шуд.
Лавров ҳамчунин, ба иқдомҳои Исроил дар ҷануби Лубнон ва ҷануби Сурия ишора карда, онҳоро намунаи “мантиқи таҳмили воқеиятҳои нав” аз ҷониби ин кишвар хондааст.
Вай таъкид кардааст, ки иқдомҳои Исроил дар Каронаи Бохтарӣ имкони татбиқи роҳи ҳалли дудавлатӣ ва таъсиси давлати мустақили Фаластинро ба сифр расондааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод