Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Русия иттиҳоми Иттиҳоди Аврупоро дар бораи фаъолиятҳои харобиовари киберӣ рад кард
Намояндагии доимии Русия дар Иттиҳоди Аврупо иттиҳомҳои Брюсселро дар бораи даст доштани Маскав дар фаъолиятҳои харобиовари киберӣ “беасос” хонда, онҳоро рад кардааст.
Хабаргузории “ТАСС” шаби сешанбе, 14-уми июл, ба нақл аз намояндагии доимии Русия дар Иттиҳоди Аврупо гузориш додааст, ки Иттиҳоди Аврупо ба ҷойи ҳамкории “касбӣ ва созанда” дар заминаи амнияти киберӣ, ба матраҳ кардани иттиҳомҳои ошкор алайҳи Русия рӯй овардааст.
Ин мақоми русӣ афзудааст, ки мавқеи Маскав дар дидоре бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар Идораи иқдоми хориҷии ин иттиҳод матраҳ шудааст.
Бар асоси гузориш, ин вокуниш пас аз он сурат гирифтааст, ки Иттиҳоди Аврупо рӯзи душанбе алайҳи Русия ба далели он чи “фаъолиятҳои харобиовари киберӣ” хондааст, таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
Дипломатҳои рус гуфтаанд, ки Маскав дар таҳияи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷиноятҳои киберӣ, ки моҳи декабри соли 2024 тасвиб шуд, нақши фаъол дошта, ҳамеша аз истифодаи сулҳомези фазои киберӣ ҳимоят кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст