Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Пешвои миллат дар ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро ифтитоҳ карданд
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич хатти нави оби полезиро, ки дарозии он 12 километрро ташкил медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти мамлакат, бо мавриди истифода қарор гирифтани хатти оби полезӣ майдони кишти картошка ба 800 гектар расонида шуда, барои беш аз 200 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар оянда заминаи устувор фароҳам мегардад. Ин тадбири муҳим бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ гардидааст.
Гуфта мешавад, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави оби полезӣ беш аз 2000 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Зикр мегардад, ки пас аз ифтитоҳи хатти оби полезӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони васеи кишти картошка дидан намуданд.
“Таъкид карда шуд, ки ноҳияи Деваштич яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад ва ҳамасола дар таъмини бозори дохилӣ бо ин маҳсулоти муҳими озуқаворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 9 ҳазору 200 гектар кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи пешбинишудаи кишт беш аз 113 фоиз иҷро гардидааст”, - навиштааст манбаъ.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки майдони кишти картошка дар ноҳияи Деваштич ба 10 ҳазор гектар расонда шавад, то ки ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, имкони содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар низ ҳосил шавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд