Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон ба анҷом расид
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон пурра ба анҷом расид.
Манбаъ навиштааст, ки ба муносибати анҷоми корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъулу сокинони касбу кори гуногун чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Афзуда мешавад, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ пурра муайян гардида, дар ноҳияҳои ҳамсарҳади вилояти Суғд беш аз 300 километр сарҳад бо насби аломатҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
“Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайянсозии пурраи сарҳади давлатӣ пас аз имзои Эъломияи Хуҷанд, ки бо иштироки роҳбарони се давлати дӯсту бародар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки моҳи марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, муаммои садсолаи сарҳад дар минтақа ҳал гардид ва ба дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон заминаи мусоид фароҳам овард”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд