Дар фурудгоҳи Душанбе терминали нави байналмилалӣ сохта мешавад
Як зина боло. Мавқеи тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА беҳтар гардид
Яман аз сарнагун кардани паҳподи туркии Арабистони Саудӣ хабар дод
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз ҳамлаи мушакӣ бар Толибон дар Кописо хабар дод
Президенти кишвар дар ноҳияи Деваштич бинои нави беморхонаро ифтитоҳ намудан
Имрӯз, 7-уми июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои нави беморхонаи марказии №6 дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштичро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар медиҳад, ки бинои беморхонаи мазкур дорои 4 шуъба ва 40 кати хоб буда, дар ҳуҷраҳои корӣ ва табобатӣ шароити муосири корӣ барои табибону кормандони тиб ва табобату ташхис бо таъмини дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Гуфта мешавад, ки бунёди муассисаи нави соҳаи тандурустӣ бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ имконият фароҳам меорад, ки 14 ҳазору 384 сокини деҳаҳои Далёни Боло, Обиборик, Қалъачаи Арбоб ва Навобод аз хизматрасонии босифати тиббӣ баҳраманд гарданд. Дар он 30 табиби соҳибтахассус бо ҷои корӣ таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки муассисаи наву замонавӣ бо таҷҳизоти муосири соҳа аз ҷумла, дастгоҳҳои сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳҳои безараргардонӣ, ҳуҷраи хатна ва маҷмуи асбобҳои ҷарроҳӣ таъмин буда, аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардидааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Украина аз тавофуқи Трамп бо Русия барои содироти дизел шадидан интиқод кард
Душанбе аз таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Теҳрон хабар дод
“Ал-Ҷазира”: Буҳрони сӯзишворӣ дар Русия Душанберо ба домани Теҳрон тела медиҳад?
Ҷавонони Тоҷикистон аз Бозиҳои 20-уми Делфӣ 16 медал ба даст оварданд