Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
04.07.2026 15:51
Солгарди истиқлоли Амрико: Путин ба Трамп табрик гуфт ва бар масъулияти ҷаҳонии ду кишвар таъкид кард
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, дар паёме ба муносибати 250-солагии истиқлоли Амрико гуфтааст, ки Вашингтон ва Маскав ба унвони ду қудрати бузурги ҳастаӣ масъулияти вижае барои таъмини амният ва суботи ҷаҳонӣ доранд.
Хабаргузории “ТАСС” рӯзи шанбе, 4-уми июл, гузориш додааст, ки Владимир Путин солгарди истиқлоли Амрикоро ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, табрик гуфтааст.
Бар асоси гузориш, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Амрико ва Русия ҳамчун муттаҳид дар ду ҷанги ҷаҳонӣ ҷаҳонро аз ваҳшати бесуботӣ наҷот доданд.
Путин гуфтааст: “Эҷоди равобити созанда, одилона ва мутақобилан судманд миёни Маскав ва Вашингтон на танҳо ба нафъи мардуми мо, балки ба нафъи тамоми ҷомеаи байналмилалӣ аст”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
17.10.2026 08:24
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад дорад интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва газ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро идома диҳад.
16.10.2026 18:22
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 17:50
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Мақомоти Чин дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон аз гурӯҳи террористии Толибон хостанд, ки бар зидди таҳдидҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон иқдомҳои мушаххас анҷом диҳанд.
16.10.2026 16:45
Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт
Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 15:39
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Мақомоти амниятии Қирғизистон мегӯянд, аз қочоқи чорвои калон ё говҳои шохдор ба Тоҷикистон пешгирӣ кардаанд.
16.10.2026 12:06
11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд
Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 10:51
Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафтанд
15-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон рафтанд.
16.10.2026 09:52
Неруҳои мусаллаҳи Яман: ба шаҳри Мадина ҳамла накардаем
Расонаҳои Арабистони Саудӣ бо нашри хабарҳое иддао карданд, ки неруҳои мусаллаҳи Яман ба шаҳри Мадина ҳамла кардаанд. Дар пайи ин неруҳои мусаллаҳи (ҳусиҳои) Яман вокуниш нишон доданд.
16.10.2026 09:45
“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт
Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07
Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.