17 Октябр 2026,
шанбе, 15:13, Душанбе
04.07.2026 14:25

Раиси Шурои амнияти Русия бо раиси ҷумҳури Эрон дидор кард

Дмитрий Медведев, раиси Шурои амнияти Русия, дар сафар ба Теҳрон бо Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, дидор кардааст.

Хабаргузории “ТАСС” рӯзи ҷумъа, 3-уми июл, гузориш додааст, ки ҳайати Русия ба раҳбарии Медведев барои иштирок дар маросими видоъ бо пайкари Алӣ Хоманаӣ, раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломии Эрон, ба Теҳрон сафар кардааст.

Бар асоси гузориш, ҳайати Русия шомили Сергей Евгеневич Сивилёв, вазири энергетикаи Русия, Георгий Борисенко, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва бархе дигар аз мақомҳои ин кишвар мебошад.

Русия ва Эрон равобити бисёр наздик доранд ва дар таниш бо кишварҳои ғарбӣ муттаҳиди якдигар маҳсуб мешаванд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.