Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Омори тоза: заминларза дар Венесуэла дастикам 164 кушта ва 971 захмӣ бар ҷой гузоштааст
Делси Родригес, раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла, эълом кардааст, ки дар пайи заминларзаи рӯзи гузашта, то кунун дастикам 164 нафар кушта ва 971 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Расонаҳои байналмилалӣ рӯзи панҷшанбе, 25-уми июн, гузориш додаанд, ки заминларзаи рӯзи гузашта (ба вақти маҳаллӣ) аз ҷумлаи нерумандтарин заминларзаҳое буда, ки дар беш аз як асри гузашта Венесуэларо ларзондааст.
Ду заминларзаи пайдарпай бо қувваи 7.2 ва 7.5 рихтер асри рӯзи гузашта минтақаҳое аз Венесуэларо ларзонд ва сабаби фурӯ рехтани шуморе аз сохтмонҳо дар пойтахти ин кишвар шуд.
Созмони заминшиносии Иёлоти Муттаҳида эълом кардааст, ки нахустин заминларза бо қувваи 7.2 рихтер дар наздикии шаҳри Морон, воқеъ дар соҳили Кариби Венесуэла ва дар ҳудуди 168 километрии ғарби Каракас рух додааст.
Ин созмон афзудааст, ки танҳо як дақиқа пас аз он, заминларзаи шадидтар бо қувваи 7.5 рихтер дар 16 километрии ҷанубу ғарби шаҳри Морон ва дар умқи 10-километрии замин ба вуқуъ пайвастааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”