Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид
Дар як рӯз. Вилояти Хатлон аз 76 фоиз иҷро шудани даъвати тирамоҳӣ хабар дод
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Рӯзи даъватшаванда. Чанд шаҳру ноҳия даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд?
Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ ва қарори дахлдор қабул шуд.
Имрӯз, 16-уми июн таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарори дахлдор қабул карда шуд.
Манбаъ меафзояд, ки масъалаи рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло, раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҳмудзода Насрулло, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Муҷибахон Ҷавҳарӣ, раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам ва раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ғанизода Шуҳрат шарҳу тавзеҳ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид