Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Путин дар сафар ба Чин: “Тамаркузи мо ба масоили иқтисодӣ аст”
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар сафари худ ба Чин гуфта, ки тамаркузи аслии ду ҷониб, рӯйи масоили иқтисодӣ аст.
Хабаргузории “РИА Новости” рӯзи чаҳоршанбе, 20 –уми май гузориш дода, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ва Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин, гуфтугӯҳоро дар Пекин оғоз кардаанд.
Бар асоси гузориш, Путин гуфта, ки равобит миёни Русия ва Чин ба “сатҳе бесобиқа” расида ва ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар 25 соли гузашта беш аз сӣ баробар афзоиш ёфтааст.
Путин гуфтааст: “Тибқи тавофуқ бо раиси ҷумҳури Чин, кори худро бо баррасии масоили калидии ҳамкории дуҷониба оғоз хоҳем кард ва тамаркузи аслӣ бар иқтисод хоҳад буд ва сипас, музокирот бо ҳузури ҳайатҳо идома меёбад”.
Гуфта шудааст, ки ҳайати ҳамроҳи Путин дар ин сафар, шомили мақомоти давлатӣ ва раҳбарони тиҷоратӣ аст.
Путин ҳамчунин, афзуда, ки бо вуҷуди чолишҳои хориҷӣ, ҳамкории иқтисодӣ миёни Русия ва Чин ҳамчунон қудратманд мондааст.
Гуфта мешавад, ки Чин яке аз бузургтарин муштариҳои нафт аз Русия мебошад ва дар гузашта бо таҳримҳои нафтии Амрико алайҳи Маскав мухолифат кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Ҳорун Самарқандӣ: “Ояндаи тоҷикони Афғонистон ба ташаккули стратегияи мустақили сиёсӣ вобаста аст
“Ҳар чизе дар дасти мо буд, кардем”. Нурулло Алиев ба муҳимтарин муҳорибааш омода аст
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод