Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Вэнс: “Фиристодаи вижаи Иёлоти Муттаҳида гуфтугӯҳо бо Русия ва Украинаро аз сар гирифт”
Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларусия ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ ирсол мекунанд
Чин аз қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Баҳрайн дар бораи тангаи Ҳурмуз интиқод кард
Сафири Чин дар Созмони Милал аз қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Баҳрайн дар бораи тангаи Ҳурмуз интиқод кард.
Ба гузориши хабаргузориҳои Чин сафири ин кишвар дар Созмони Милал аз пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Баҳрайн дар бораи тангаи Ҳурмуз интиқод ва таъкид кард, ки муҳтаво ва замони он муносиб нест ва тасвиби он кумаккунанда нахоҳад буд.
Фу Кун, сафир ва намояндаи доимии Чин дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 15-уми май аз пешнависи қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Баҳрайн дар бораи тангаи Ҳурмуз интиқод кард ва гуфт, ки муҳтаво ва замонбандии ин пешнавис муносиб нест ва тасвиби он кумаке ба ҳалли масъала нахоҳад кард.
Ӯ гуфт: “Мо фикр намекунем муҳтавои ин пешнависи қатънома дуруст бошад ва замонбандии он низ муносиб нест”.
Вай афзуд: “Ончӣ мо ба он ниёз дорем, тарғиби ҳар ду тараф ба вуруд ба музокироти ҷиддӣ ва бо дилу нияти нек барои ҳаллуфасли ин масъала аст. Бинобар ин, муътақид нестем, ки судури як қатънома дар ин замон муфид бошад”.
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки агар тасмимгирӣ дар ин бора бар уҳдаи Чин буд, яъне ба унвони раиси давраии феълии Шурои Амнияти 15-узвӣ ҳаргиз ин қатъномаро ба раъй намегузошт.
Ба гузориши “Рейтерз” дипломатҳо гуфтаанд, ки агар ин қатънома ба овоздиҳӣ ҳам гузошта шавад, эҳтимолан бо ветои Русия ва Чин рӯбарӯ хоҳад шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид